Инсидоди рӯда чист?
Бемористони Ибни Сино.
доктор Исомадинов Хайрулло.
Хӯроке, ки мехӯрем, қабл аз берун шудан, роҳи тӯлониро дар пеш дорад.
Шумо аз ҳепотити- С ранҷ мебаред?
Аслан нигарон набошед. Бо пешрафти имрӯзи илми тиб ин навъи ҳепотит комилан қобили дармон аст.
Дармони санги гурда
Санги гурда бо се равиш дармон мешавад: доруӣ, обзорӣ (дастгоҳӣ) ва ҷарроҳӣ.
Агар санги гурда хурд бошад, метавон бо роҳи дорудармонӣ, гиёҳдармонӣ ва парҳездармонӣ онро берун кард. Истеъмоли хӯроки солим, доруҳо ва витанминҳои махсус ба пастшавии сатҳи асиди пешоб оварда мерасонанд, мубодилаи моддаҳоро танзим мекунанд ва инчунин сангҳоро бо роҳи пешоб берун мекунанд.
Санги гурда: сабабҳои пайдоиш, пешгирӣ ва табобати он
Бадани баъзеҳо сангсоз аст ва мутахассисон сабаби дақиқи ин иллатро намедонанд. Вале, агар ба ҳар ҳол хоҳем сабаби ҳосилшавии санг дар гурда ва роҳҳои пешобро мухтасар баён кунем, гуфтан мумкин аст, ки ихтилоли ҷазби ғизо дар бадан ва сатҳи номуносиби Рh-и пешоб сабаби таҳшин шудани намак ва кристаллҳо ва дар натиҷа пайдо шудани санг мегардад. Дар ин бора муфассалтар дар ин пайванд мутолиа кунед.