МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: МУМИНОВА ДИЛОРОМ
Фарде, ки ҳангоми беморӣ бештар аз ҳама дар канори бемор аст ва ба ӯ ғамхорӣ мекунад, парастор аст. Илми тибро аз даврони куҳан то ба имрӯз наметавон бидуни ҳузури парастор тасаввур кард, зеро ӯ дар муроқибат аз беморон, ҳифзи саломати онҳо, пешгирии амроз ва таскини дардҳои беморон нақши калидӣ дорад.
МУАРРИФИИ МУТАХАССИСОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО: САИДАЛИЕВ ШЕРАЛӢ
Вуҷуди пандемия дар саросари ҷаҳон, ки боиси гӯшанишинии мардумон гаштааст, дар рӯҳия ва системи асаби одамон бетаъсир нест. Мутахассисон мегӯянд, ки ин вирус ба рӯҳияи мардум таъсири манфӣ гузошта, метавонад иддаеро гирифтори афсурдагӣ ва як силсила бемориҳои асаб кунад ва онҳо ниёз ба кумаки пизишкони асаб ва равоншиносон доранд.
Раиси Бемористони Ибни Сино: “Кормандони мо омодаанд, ҷони мардумро наҷот диҳанд”
”Касоне, ки дар бахшҳои хатарнок кор мекунанд, бояд ҷубронпулӣ бигиранд” - изҳор дошт Абдухалил Холиқзода.
ТАВСИЯҲОИ ТАБИБОНИ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ (2)
Бо фарорасии фасли баҳор, ки тағйирёбии зуд-зуди ҳаво, боду борон, рутубату намнокӣ оғоз меёбанд, имконияти гирифтории инсон ба бемории зуком дучанд мегардад. Ҳамин ки каме пойҳояшон нам шуд, зуд таб мекунанд ё сулфаю оби димоғашон ҷорӣ мешавад. Зуком оризаҳои нохуш дорад. Бинобар ин, бо он бояд саривақт ва ҷиддӣ мубориза бурд.