БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Дар Бемористони Ибни Сино бахши гемодиализ ба фаъолият шурӯъ намуд

  25-05-2013 Муассисон ва маъмурияти Бемористон дар назар доранд, бо насби дастгоҳи навтарин, беҳтарин лавозим ва маводи якбормасрафи тавлиди Олмон ва Эрон ва мутахассисони варзидаи хориҷию ватанӣ ба мушкили беморони норасоии музмини гурдаи Тоҷикистон, ки ниёз ба диализ доранд, расидагӣ кунанд.

Муфассал...

Эндоурологи маъруфи иронӣ Меҳробӣ Сосон дар Бемористони Ибни Синоба қабули беморон шурӯъ намуд.

20-05-2013 Тӯли 2 руз мешавад, ки дар Бемористони Ибни Сино эндоурологи маъруфи иронӣ Меҳробӣ Сосон ба қабули беморон машгул аст. Дар ин муддат аллакай шаҳрвандони зиёде  барои қабул, муоина ва табобат ба ин мутахассиси варзида муроҷиат намуданд.

Муфассал...

Як амали ҷарроҳии кистаи мағзи сар бомуваффақият анҷом ёфт.

 10-05-2013 Дар Бемористони Ибни Сино як амали ҷарроҳии кистаи мағзи сар бомуваффақият анҷом ёфт. Бемори ҷавон, ки ду соли охир аз ин дард азият мекашид, бо шикояти ташаннуҷ (аз ҳушравӣ ва дарди сар) ба бемористон муроҷиат кард.

Муфассал...

Раҳоӣ аз дард баъди 5 сол

  14-05-2013 Ин ҳафта бо ширкати эндоурологи эронӣ Амирҳасани Шаҳриёр дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино  амалҳои ҷарроҳии гурда ва роҳҳои пешоб анҷом дода шуд.Ҳамаи амалҳои ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфта, беморон баъд аз 3-4 рӯзи ҷарроҳӣ дар ҳолати хуб ба табобати амбулаторӣ фиристода шуданд.

Яке аз ин беморон, ки 5 сол пеш дар яке аз бемористонҳои маҳаллӣ ҷарроҳии аденомэктомия шудааст, тӯли ин 5 сол ҳангоми пешоб кардан аз дард азият мекашид. Пас аз муроҷиат ба Бемористони Ибни Сино, бемор пурра аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуд. Маълум гардид, ки гарданаи масонаи бемор пурра танг (контрактура) гардидааст. Сипас тавассути дастгоҳи эндоскоп-резетоскоп ин тангӣ бартараф карда шуда, бофтаҳои фиброзӣ бо резетоскоп тарошида шуданд. Амал бомуваффақият анҷом ёфт ва рӯзи 4-ум бемор ба хонааш мураххас гардид. Ҳамчунин пешобкунии бемор пурра барқарор гардидааст.

Танҳо дар Бемористони Ибни Сино

  07-05-2013 Дар Бемористони Ибни Сино  ҳафтаи  гузашта бо ширкати нейрохирурги эронӣ Бахтиёри Аббос амале  анҷом дода шуд, ки танҳо дар шароити Бемористони Ибни Сино анҷом дода мешавад.

Муфассал...

ФОТО

 

ВИДЕО