БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/598681_444385178971991_936098525_n.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/598681_444385178971991_936098525_n.jpg'

Аз 26 март эндоурологи эронӣ -доктор Сайид Ҳабибуллох Мӯсавибаҳор дар Бемористони Ибни Сино ба ҷарроҳии беморони гурда машгул мешавад

  25-03-2013  Аз 26 марти  соли равон дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ,  эндоуролог -доктор Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор ба ҷарроҳии беморони гурда ва роҳҳои пешоб машғул хохад шуд.. Доктори Сайид Ҳабибуллох Мӯсавибаҳор яке аз мутахассисони хуби соҳа ба шумор рафта таҷрибаи беш аз 13 сола дорад. Тамоми амалиётҳои ҷарроҳии урологӣ ва эндоурологиро бо маҳорати баланд анҷом медихад

Муфассал...

Бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хуҷанд расман мавриди истифода қарор гирифт

  23-03-2013  Рӯзи 22 марти соли равон  дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи бахши минтақавии  Бемористони Ибни Сино баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода, раиси шаҳри Хуҷанд ва намояндагони дигар сохторҳои марбута ширкат намуданд. Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода бо дигарон аз дохили бино, шароити дар он муҳайё гардида ва сифати дастгоҳу таҷҳизоти он дидан намуда, ба он баҳои баланд дод  ва афзуд, ки ҳадафи бо эрониҳо кор карданашон ин аст, ки «он таҷҳизотҳое, ки дар мо нест, онҳо дастрас мекунанд ва дигар зарурати аз ҷумҳурӣ берун рафтан намешавад».

Муфассал...

Тӯҳфаи наврӯзии Бемористони Ибни Сино ба сокинони шаҳри Хуҷанд

   18-03-2013 Рӯзи 22 марти соли равон соати 9:00 дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи бахши минтақавии  Бемористони Ибни Сино баргузор мешавад.

   Бахши минтақавии бемористон дар шаҳри Хуҷанд аз шӯъбаҳои ташхис ва дармони кардиологӣ, урологӣ, амрози занон ё гинекология, ҳамчунин пизишкии умумӣ, озмоишгоҳ ва рентген иборат хоҳад буд.

Муфассал...

109 амали ангиографӣ дар оғози соли 2013

   19-03-2013  Шурӯъ аз моҳи январи соли 2013 то ба имрӯз дар Бемористони Ибни Сино 109 амали ангиографӣ (баррасии ҳолати шараёнҳои коронарӣ ) ва ҳам катетеризатсия (муайян кардани ҳолати даричаҳои дилӣ, муайян кардани сатҳи фишор дар ҳуфраҳои мухталифи дил), 24 амали ангиопластикаи коронарӣ (кушодани тангиҳои шараёнҳо бо воситаҳои баллон ва стент), 1 амали комиссуротомияи митралӣ (кушодани тангии равзанаи митралӣ), 6 амали ангиопластикаи шараёнҳои гурда, мағзи сар ва пойҳо)

Муфассал...

Дар соли 2012 дар Бемористони Ибни Сино 6 амали нодири ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки дар Тоҷикистон бори аввал сурат гирифтааст.

12-03-2013 Дар соли 2012 дар шӯъбаи кардиологияи Бемористони Ибни Сино 91 амали ҷарроҳӣ анҷом дода шуд, ки аз инҳо 36 амали шунтгузории аорто-коронарӣ,  19 амали корректсияи нуқсонҳои модарзодии дил, 18 амали ивази даричаҳои дил бо протезҳои механикӣ ва тармими онҳо бо дарз ва ё ҳалқа, 4 амали ивази даричаи  шоҳраг бо протези механикии №23– SJМ ҳамзамон бо шунтгузории мамма-коронарӣ ва аорто-коронарӣ дар шароити ГХС ва КПФХ ва 2 амали амали ҷарроҳии Гленн дар шароити гардиши хуни сунъӣ ва

Муфассал...

ФОТО

 

ВИДЕО