БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Бахши кардиоҷарроҳӣ

Кардиоҷарроҳӣ  яке аз се бахши бемористон аст, ки баробари кушодашавии бемористон роҳандозӣ шуда буд.

Ин бахш ифтихори бемористон аст ва амалҳое, ки дар ин ҷо анҷом мешаванд, ҳатто барои кишвархои пешрафта нодир маҳсуб мешаванд. Маризҳое, ки бо дору ва методи дохилирагӣ табобат намешаванд, барои амал ба ин бахш гузаронда мешаванд.

Муфассал...

Душанбеи 31-уми март дар Бемористони Ибни Сино қабули навбатии ҷарроҳи дил - Маҳмудризо Сарзаим шурӯъ мегардад

  28-03-2014 Ба таваҷҷӯҳи онҳое, ки гирифтори бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар ҳастанд, мерасонем, ки дар Бемористони Ибни Сино аз 31 марти  соли равон ҷарроҳи дил -Маҳмудризо Сарзаим  ба қабули беморони дил шуруъ менамояд. Онҳое, ки аз норасогии кори дил азият мекашанд ва ё гирифтори бемориҳои ишемикии дил ҳастанд, метавонанд ба Бемористони Ибни Сино муроҷиат намуда, худро қаблан барои қабул номнавис намоянд.

Муфассал...

Бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар

Бемориҳои санги гурда ва роҳҳои пешобгузар– яъне пайдошавии санг дар гурда ва дигар қисматҳои роҳҳои пешобгузар дар натиҷаи вайроншавии мубодилаи моддаҳо ба миён меояд. Ин беморӣ бештар ҳангоми омилҳои дар боло зикршуда (вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар бадани инсон) авҷ мекунад.  

Муфассал...

Эндоурологи маъруфи эронӣ, доктор Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор аз рӯзи душанбе- 31-уми март дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморон шурӯъ менамояд

  26-03-2014 Эндоурологи маъруфи эронӣ доктор  Сайид Ҳабибуллох Мусавибаҳор , аз рӯзи душанбе- 31-уми март дар Бемористони Ибни Сино ба қабули беморон шурӯъ менамояд. Доктор Мӯсавибаҳор мутаххасиси беназири ин соҳа  буда, бо ширкати ӯ дар Бемористони Ибни Сино   дармони ҳама намуди беморихои гурда ва роҳҳои пешоб, ҳамчунин ҷарроҳиҳои боз ва амалҳои ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодӣ дар маҷрои пешоб  дар сатҳи  баланд анҷом дода мешаванд.

Муфассал...

Ангиопластикаи баллонии шараёнҳои коронарӣ

Бартарияти ангиопластикаи баллонӣ

Ҳангоми гузаронидани ангиопластикаи баллонӣ беҳискунии бемор тавассути наркоз  муҳим нест, ва бартариаш низ дар он аст, ки пизишк метавонад мустақиман аз ҳолати бемор назорат барад ва ё худ бемор аз тағирёбии вазъи саломатиаш ба пизишк хабар расонад. Ангиопластикаи баллонӣ худ алтернативаи шунтгузории аорто-коронарӣ маҳсуб меёбад, ки барои барқарор намудани гардиши хун дар раги тангшуда анҷом дода мешавад. (ҳамчун яке аз усулҳои дармони бемориҳои ишемикии дил). Усули маъмулии дармони ин беморӣ

Муфассал...

ФОТО

 

ВИДЕО