БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Шӯъбаи ортопедии Бемористон фаъолтар мегардад

18-02-2013  Дар шӯъбаи ортопедии бемористон амали эндопротези тоталии буғуми косу рони рост, яъне гузоштани буғуми сунъй, дар бемори 65 сола анҷом дода шуд. Натиҷаи ташхис дар ин бемор коксартроз аз рост, контрактураи омехтаи буғуми косу рони рост ва кӯтоҳии пои рост ба андозаи 2-см-ро нишон дода буд. Ин норасогиҳо баъд аз амали ҷарроҳй пурра бартараф гардиданд.

Муфассал...

Ҳамкорихои Бемористони Ибни Сино бо марказҳои улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвият меёбад

16-02-2013 Бемористони Ибни Сино дар баробари роҳандозии усулҳои нави дармону табобат, бо истифода аз таҷҳизоти тиббии муосир, ба омода намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи замони имрӯз таваҷҷӯҳи хоса медиҳад ва ин масъала аз замони  ифтитоҳи Бемористон то ба имрӯз дар мадди назари маъмурияти бемористон қарор дорад, зеро

Муфассал...

Панҷ амали ангиопластӣ дар даҳаи аввали моҳи феврал

 13-02-2013  Дар моҳи феврали соли равон дар Бемористони Ибни Сино 5 амали ангиопластикаи шараёнҳои хоб (коротид (  a.carotis-сонные артерий)) анҷом дода шуд. Ангиопластикаи шараёнҳои хоб, яъне дармони рагҳои хунрасони майнаи сар тавассути гузоштани стент яке аз амалҳои душвортарин буда, танҳо дар Бемористони Ибни Сино амалӣ мешавад.

Муфассал...

Дар арафаи иди Наврӯз бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хучанд ба фаъолият оғоз менамояд.

15-02-2013  Дар арафаи иди Наврӯз бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хучанд ба фаъолият оғоз менамояд. Ин бахш низ бо таҷҳизоти навтарини сохти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони хориҷиву ватанӣ фаъолият хоҳанд кард.

Муфассал...

Шаҳрвандон аз хизматрасонии ширкати «Суғуртаи миллӣ» қаноатманданд

12-02-2013  Дар Бемористони Ибни Сино  тайи чанд рўзи гузашта  ба 10 нафар шаҳрвандоне, ки дар ширкати «Суғуртаи миллӣ» худро суғурта намуда буданд,  ба таври ройгон хизмат расонида шуд.    Хизматрасонӣ ба шахсони суғурташуда бо мизон ва сифати ҳамсон   бо бемороне, ки мустақиман  ба Бемористон муроҷиат мекунанд ва аммо, бо маблағи 10-12 баробар арзонтар  сурат гирифт. Ҳамаи муроҷиатнамудагон аз сатҳи пазироӣ,

Муфассал...

ФОТО

 

ВИДЕО