348 амали эндоҷарроҳӣ дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино дар як сол
09-03-2013 Дар соли 2012 дар шӯъбаи урологии Бемористони Ибни Сино 1200 бемор муроҷиат намуданд,ки аз онхо 409 нафарашон бистарӣ гардидаанд. Дар ин муддат ба беморони муроҷиат намуда, 417амали ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 69 амали ҷарроҳии боз ва боқимонда 348 амали ҷарроҳӣ бо усули эндоҷарроҳӣ амалӣ гардидааст. Аз ҷумла 38 амали систоскопия, 18 амали уретероскопия, 92 амали гирифтани стенти DJ,
Эндоурологи эронӣ -доктор Меҳроварон дар Бемористони Ибни Сино
05-03-2013 Шурӯъ аз 5-уми марти соли равон дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ, эндоуролог -доктор Меҳроварон ба табобати беморони гурда ва роҳҳои пешоб машғул хохад шуд. Доктори Меҳроварон яке аз мутахассисони хуби соҳа ба шумор рафта таҷрибаи бисёрсола дорад ва амалҳои душвори PCNL-ро бо маҳорати баланд анҷом медихад. Эҳтиёҷмандон метавонанд, барои қабули ин мутахассиси варзида худро қаблан дар Бемористони Ибни Сино номнавис кунанд.
Ду амали душвори ҷарроҳӣ бо ширкати нейрохирург-Бахтиёри Аббос
01-03-2013 Бо ширкати нейрохирурги эронӣ Бахтиёри Аббос дар Бемористони Ибни Сино боз ду амали душвори ҷарроҳии ҳароммағз бомуваффақият анҷом ёфт. Амали якум сирингомиелияи қисми гардани ҳароммағз мебошад, ки дар бемори 29 сола анҷом дода шуд. Қаблан ин бемор дар яке аз бемористонҳои кишвар ду маротиба ҷарроҳӣ шуда, ба пуррагӣ шифо наёфтааст. Бемор аз кистаи сирингомиели бозпайдошуда дар ҳудуди мӯҳраҳои С2 то С4, ки ба ҳароммағз фишор меовард, азият мекашид.
Дар соли 2012 мизони ҳомилашавии бемороне, ки дар шӯъбаи гинекологияи Бемористони Ибни Сино дармон ва ҷарроҳӣ шуда буданд, 70 %-ро ташкил дод
04-03-2013 Дар соли 2012 мизони ҳомилашавии бемороне, ки дар шӯъбаи гинекологияи Бемористони Ибни Сино дармон ва ҷарроҳӣ шуда буданд, 70 %-ро ташкил дод. Дар ин шӯъба пизишкони соҳибтаҷрибаи амрози занон бо такя ба усулҳои нави табобат ва баҳрагирӣ аз таҷрибаи муосири тибби ҷаҳонӣ фаъолият менамоянд.
Нейрохирург Бахтиёри Аббос дар Бемористони Ибни Сино
26-02-2013 Имрӯз дар Бемористони Ибни Сино мутахассиси варзидаи эронӣ, нейрохирург- Бахтиёри Аббос ба табобати беморони асаб, сутунмӯҳра ва чурраи сутунмӯҳра машғул аст. Қобили зикр аст, ки рӯз то рӯз таваҷҷӯҳи сокинони кишвар ба ин бахши бемористон зиёд мегардад ва теъдоди муроҷиаткунандагон низ афзун гардида истодааст. Қабули ниёзмандон дар бемористон аз ҷониби ин мутахассис идома дорад
Маводҳои дигар...
- Эндоурологи эронй Амирҳасани Шаҳриёр дар Бемористони Ибни Сино
- Шӯъбаи ортопедии Бемористон фаъолтар мегардад
- Ҳамкорихои Бемористони Ибни Сино бо марказҳои улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвият меёбад
- Дар арафаи иди Наврӯз бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хучанд ба фаъолият оғоз менамояд.