БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Эндоурологи эронй Амирҳасани Шаҳриёр дар Бемористони Ибни Сино

  20-02-2013 Аз 16 феврал  дар Бемористони Ибни Сино  эндоурологи эронй Амирҳасани Шаҳриёр ба табобати беморони гурда ва роҳҳои пешоб шурӯъ намуд. Амирҳасани Шахриёр –яке аз мутахисассиси хуби соҳа буда,  зиёда аз 2 000 амали PCNL (сангшикании зерипӯстии гурда), зиёда аз 4 000 амали TUL (сангшиканӣ аз тариқи маҷрои пешоб) ва систолитотрипсия (сангшиканӣ дар масона)-ро анҷом додаст. 

Муфассал...

Шӯъбаи ортопедии Бемористон фаъолтар мегардад

18-02-2013  Дар шӯъбаи ортопедии бемористон амали эндопротези тоталии буғуми косу рони рост, яъне гузоштани буғуми сунъй, дар бемори 65 сола анҷом дода шуд. Натиҷаи ташхис дар ин бемор коксартроз аз рост, контрактураи омехтаи буғуми косу рони рост ва кӯтоҳии пои рост ба андозаи 2-см-ро нишон дода буд. Ин норасогиҳо баъд аз амали ҷарроҳй пурра бартараф гардиданд.

Муфассал...

Дар арафаи иди Наврӯз бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хучанд ба фаъолият оғоз менамояд.

15-02-2013  Дар арафаи иди Наврӯз бахши минтақавии Бемористони Ибни Сино дар шаҳри Хучанд ба фаъолият оғоз менамояд. Ин бахш низ бо таҷҳизоти навтарини сохти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони хориҷиву ватанӣ фаъолият хоҳанд кард.

Муфассал...

Ҳамкорихои Бемористони Ибни Сино бо марказҳои улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвият меёбад

16-02-2013 Бемористони Ибни Сино дар баробари роҳандозии усулҳои нави дармону табобат, бо истифода аз таҷҳизоти тиббии муосир, ба омода намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи замони имрӯз таваҷҷӯҳи хоса медиҳад ва ин масъала аз замони  ифтитоҳи Бемористон то ба имрӯз дар мадди назари маъмурияти бемористон қарор дорад, зеро

Муфассал...

Панҷ амали ангиопластӣ дар даҳаи аввали моҳи феврал

 13-02-2013  Дар моҳи феврали соли равон дар Бемористони Ибни Сино 5 амали ангиопластикаи шараёнҳои хоб (коротид (  a.carotis-сонные артерий)) анҷом дода шуд. Ангиопластикаи шараёнҳои хоб, яъне дармони рагҳои хунрасони майнаи сар тавассути гузоштани стент яке аз амалҳои душвортарин буда, танҳо дар Бемористони Ибни Сино амалӣ мешавад.

Муфассал...

ФОТО

 

ВИДЕО