БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Нахустин корхонаи сӯзандору дар Душанбе ба кор шурӯъ кард

  «Аз Вазорати тандурустӣ  иттилоъ доданд, ки  корхонаи мазкур шурӯъ аз 28-уми декабри соли равон дар доираи ҳамкориҳои ҳукумати Тоҷикистон бо Чумҳурии Исломии Эрон мавриди истифода қарор гирифт. 
 Гуфта мешавад, ин корхона барои фароҳам овардани беш аз 80 ҷои нави корӣ

мусоидат намуд, ки аксарияташонро занону духтарон ташкил медиҳад.
 Ба корхонаи муштараки «Ориё-суранҷ медикал ЛТД» ба маблағи тақрибан 5 миллион сомонӣ таҷҳизот барои истеҳсоли сӯзандору, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ворид гардидааст.
 Манбаъ мегӯяд, сохтмон ва таъмири бино барои истеҳсолот 3 миллион сомониро ташкил медиҳад: “Корхона аз 5 сехи истеҳсолӣ, 1 сехи безараркунонӣ, 1 озмоишгоҳ ва 2 анбори нигоҳдорӣ иборат мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона 120 милион дона сӯзандору дар як сол мебошад, ки талаботи кишварро таъмин менамояд”
 Бино ба иттилoи манбаъ, имрӯз дар кишвар 15 ширкати хусусӣ ба истеҳсоли 80 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд, ки танҳо дар ду-се соли охир аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ ба маблағи тахминан 50 миллион сомонӣ барои сохтмон ва таҷҳизонидани корхонаҳои истеҳсолӣ равона карда шудааст, ки зиёда аз 400 мутахассис ва коргаронро ба ҷойҳои нави корӣ таъмин намудаанд.
 Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, корхонаи истеҳсоли сӯзандоруҳо нахустин корхонаест, ки дар ин самт дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

ФОТО

 

ВИДЕО