Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Оромии асаб - оромии рӯҳ!

Ба таваҷҷӯҳи афроде, ки аз бемориҳои гуногуни системаи асаб  монандӣ: афсурдагӣ, синдроми маниякалӣ, мутизм, неврозҳо,  ҳолатҳои  ҳарос, васваса, неврози пас аз зарбаи асаб, ихтилолоти шахсиятӣ, ихтилолоти иртиботи ҷинсӣ - заношӯӣ, норасоии ҷинсӣ, бемориҳои равонии кӯдакон, пуртаҳаррукӣ,  ихтилолоти таҳсили кӯдакон, эпилепсия, мултисклероз, паркинсон, ихтилолоти хоб - бехобӣ, исултҳо, ишемияи мағзӣ, дардҳои асабӣ, невропатия, полиневрит,  майзадагӣ, вобастагӣ аз сигор, вобастагӣ ба маводи нашъаовар азият мекашанд мерасонем, ки аз таърихи 24 июли соли 2016 профессор, устоди донишгохи Далхауси Конодо, президент ва асосгузори академияи равонпизишкии "Кӯдакон ва Ҷавонон"-и Эрон Маҳдии Ҷаводи Алағбандрад дар Бемористони Ибни Сино ба қабул ва табобати мизоҷон шурӯ мекунанд.

Доктор Маҳдии Ҷаводи Алағбандрад равонпизишки пуртаҷрибаест, ки тамоми бемориҳои зикршударо, бо истифода аз шеваҳои ҷадидтарин табобат мекунад. Ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз ташрифи мутахассис истифода баред. Ашхоси ниёзманд метавонанд худ ва наздиконашонро номнавис карда. дар вақти барояшон муносиб ба қабули равонпизишк ҳозир шаванд. 

Барои дастрас намудани маълумоти бештар шумо метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02,  (44) 640 - 01 – 03 муроҷиат кунед.

ФОТО

 

ВИДЕО