Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

Ба таваҷҷӯҳи сокинони пойтахт!

Онҳое, ки дар тарбияи фарзанд ба мушкилҳо дучор мегарданд ва шахсоне, ки бо кӯдакони душвортарбия сарукор доранд, Бемористони Ибни Сино тренинг-семинари равонпизишки варзидаи эронӣ, профессор, устоди донишгоҳи Далҳауси Канада, Президент ва асосгузори академияи равонпизишкии "Кӯдакон ва Ҷавонон"-и Эрон устод Маҳдии Ҷаводи Алағбандрадро дар мавзӯи "Омӯзиши маҳоратҳои фарзандпарварӣ (тарбияи фарзанд) ба хонаводаҳо" баргузор менамояд.

Семинар -тренинг аз 24 то 27-уми июл, аз соати 15:00 то 17:00дар муддати се рӯз, дар толори конфронси бинои Бемористони Ибни Сино баргузор мегардад. Маблағи пардохт барои се рӯзи семинар-тренинг 320 сомони.

Мавзӯоти асосии омӯзишии семинар иборатанд аз:

- Афзоиши маълумоти волидайн дар робита бо тарбияи фарзан (фарзандпарварӣ);

- Иртиғои робитаи волид ва фарзанд;

- Ташвиқи рафторҳои мусбат;

- Мудирияти рафторҳои номуносиб ва ислоҳи рафторҳо;

- Контроли хашм;

- Омӯзиши маҳоратҳои зиндагӣ.

Хоҳишмандоне, ки ба кӯмаки ин мутахассиси пуртаҷриба ниёз доранд метавонанд иштироки худро бо рақамҳои телефонии (44) 640-01-02, (44) 640-01-03 тасдиқ намуда, пешаки худро номнавис кунанд. Суроғаи мо: ш. Душанбе, кӯч. Фотеҳ Ниёзӣ 34.

ФОТО

 

ВИДЕО