Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МАШВАРАТИ РОЙГОНИ МУТАХАССИС

Ба таваҷҷӯҳи нафароне, ки аз бемориҳои гуногуни дил азият мекашанд мерасонем, ки аз фардо (5.08.2016) дар Бемористони Ибни Сино кардиоҷарроҳи варзида, доктор Шамсиев Ғуфрон Абдумавлонович ба қабул ва табобати беморон оғоз мекунад.

Доктори илмҳои тибб Шамсиев Ғуфрон зодаи Тоҷикистон буда, аъзои ҷамъияти ҷарроҳони дилу раги ФР мебошад ва ҳоло ба ҳайси ҷарроҳ  дар Маркази  Илмии ҷарроҳии рагу-дили ба номи Бакулеви шаҳри Маскав фаъолият мекунад. Маркази мазкур дар Федератсияи  Руссия яке аз асоситарин муассисаҳои ҷарроҳии рагу  дил ба шумор меравад ва  дар он беҳтарин мутахассисони соҳа фаъолият мекунанд.

Доктор Шамсиев Ғуфрон яке аз ҷарроҳони чирадасти ин Марказ буда, дар самти табобат ва ҷарроҳии бемориҳои гуногуни дил аз ҷумла: паталогияи даричаҳои дил дар вобастагӣ бо бемории ишемикии дил (ИБС), эндокардити сироятӣ, омосҳои дил ва бемориҳои дигар таҷрибаи ғанӣ дорад. Ташрифи ин ҷарроҳи варзида ба бемористон  барои тамоми касоне, ки аз бемориҳои  системаи дилу  раг азият мекашанд фурсати  хубест. Хоҳишмандон бо тамоси пешакӣ метавонанд дар вақти барояшон муносиб ба беморстон ташриф биёранд. Ин фурсати муносибро аз даст надиҳед ва аз машварат ва табобати мутахассиси варзида истифода баред. Ногуфта намонад, ки машварати мутахассис комилан ройгон мебошад. 

Барои дастрас намудани маълумоти бештар шумо метавонед бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 34 ё бо телефонҳои (44) 640 - 01 - 02,  (44) 640 - 01 – 03 муроҷиат кунед.

ФОТО

 

ВИДЕО