Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

РАВҒАНИ МОҲӢ ВА ФАВОИДИ ОН

Бисёриҳо шояд ёд доранд, ки дар кудакӣ чи тавр падару модарон онҳоро маҷбур мекарданд , ки равғани моҳӣ бинушанд. Ва олимон имрӯз собит кардаанд, ки рафтори волидайни мо комилан ҳақ будааст. Аслан равғанҳо ё фоидаоваранд ё зараровар. Беҳтарин равғанҳо ҳамонҳоеанд, ки ҳолати моеъгии худро дар ҳарорати хонагӣ ҳифз мекунанд. Онҳо дар таркиби худ кислотаҳои равғании барои ҳаёти инсон заруриро доро мебошанд.

Бе ин кислотаҳо организми одам наметавонад фаъолият кунад. Дар тибб ин кислота ё оксидҳои равғанин ба ду дастаи бузург - Омега - 6 ва Омега - 3 тақсимбандӣ шудаанд. Имрӯз мутахассисон сабаби асосии зиёд гардидани бемориҳои дилу-раг, фишорбаландӣ, диабети қанд, фарбеҳӣ ва пиршавии барвақтро маҳз риоят накардани таодул дар истеъмоли кислотаҳои равғании (оксидҳои чарбуи) Омега -6  ва Омега - 3  медонанд. Манбаъаи асосии  Омега - 6 равғанҳои растанӣ, монанди равғани ҷуворимакка ва либиё (соя) ба шумор мераванд. Онҳо дар таркиби худ миқдори зиёди кислотаи линолӣ доранд. Равғанҳои гурӯҳи Омега - 3 бошанд  дар таркиби равғани зағер, равғани чормағз, планктони баҳрӣ ва моҳии равғанин вуҷуд доранд. Қисмати асосии равғанҳои растаниро кислотаи алфа-линолӣ ташкил медиҳад. Ддар таркиби моҳӣ ва равғани моҳӣ бошад, кислотаи эйкозапентӣ (EPA) ва  кислотаи докозагексанӣ (DHA) зиёд вуҷуд дорад.  Ин ду кислота EPA ва DНA  аз ҳама фаъол ва барои инсон фоидаовар шинохта шудаанд.  Олимон муаян карданд, ки эскимосҳо бо вуҷуди хурдани моҳии зиёд равғанин ба бемориҳои дилу-раг ва артрит қариб, ки гирифтор намегаданд. Баъди таҳқиқотҳо муаян гардид, ки бештари вояи хӯрокии эскимосҳоро кислотаҳои равғанини EPA ва DНA ташкил медиҳанд. Олимон муаян карданд, ки ин ду равған (EPA ва DНA) дар рафъи артосклероз, сактаҳои қалбӣ, афсурдагӣ ва саратон нақши асосӣ доранд. Инчунин муаян гардид, ки истеъмоли равғани моҳӣ барои табобати бемориҳои гуногун монанди, артритҳои ревмотоидӣ, диабети қанд ва варами рӯдаи бузург, бисёр самаранок қарор мегирад. Яке аз истеъмолкунандагони асосии DНА мағзи сар мебошад. Барои фаъолияти самаранок, ба мағзи сар дар як рӯз 20 грамм DНА зарураст. Паст шудани меъёри DНА ба поин рафтани меъёри серотанин дар мағзи сар мунҷар мегардад ва ин дар навбати худ майли инсонро ба афсурдагӣ, худкушӣ ва хушунат зиёд мегардонад. Истеъмоли равғани моҳӣ инчунин дар ҳифзи ҳофизаи инсон низ нақши зиёд дорад ва хатари бемории Алтсгеймерро коҳиш медиҳад. Истеъмоли миқдори зарурии DНA ва EPA барои занҳои ҳомила ва модарони ширдеҳ низ бисёр муҳим аст. Дар ин давраҳо модар бояд тифли худро бо миқдори зарурии DНA ва EPA таъмин кунад, чун кӯдак ҳоло наметавонад мустақилона ин ду равғанро синтез кунад. Бояд донист, ки 15-20 % қишри мағзи сар ва аз 30 то 60 % шабакияи чашм аз DНA таркиб ёфтаанд, бинобар ин истеъмоли он барои шаклгирии тифл ва рушди навзод бисёр зарурӣ ба шумор меравад. Мутахассисон ба занҳо тавсия медиҳанд, ҳангоми бордорӣ рӯзона 500-600 мг DНA истеъмол кунанд. Ва равғани моҳӣ дар таъмини организм бо DНA нақши асосӣ дорад. Умуман олимон миқдори зарурии DНA ва EPA ро барои ҳар як инсон 650 мг дар рӯз муаян кардаанд. Аммо ин миқдорро мешавад то 1000 мг дар рӯз боло бурд. Равғани моҳӣ танҳо миқдори витамини Е ро дар хун поин мебарад. ки инсон ба осони метавонад миқдори ин витаминро  барқарор кунад. Истеъмоли иловагии, танҳо 200 млг витамини Е мувозинатро барқарор мегадонад.  Ин ду равғани зарурӣ аз ҳама бештар дар таркиби моҳиҳои равғанин монанди: моҳии озод (ласось), зағӯтамоҳӣ (скумбрия), самак (тунец), гулмоҳӣ (форел), сардин ва шоҳ моҳӣ (селд) вуҷуд доранд. Мутахассисон мегӯянд, ки шахс бояд ҳадди ақал ду порси 140 граммаи моҳӣ  дар як ҳафта ҳатман истеъмол намояд. Ва як порси инро бояд моҳии равғанин ташкил диҳад. Моҳӣ инчунин беҳтарин манбаи сафеда буда, дорои витаминҳо ва минералҳои зиёди фоидаовар мебошад.

ФОТО

 

ВИДЕО