Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЭСТРОЖЕН Ё ҲОРМОНИ ЗЕБОӢ

Занро бисёриҳо мавҷуди пешгӯинашаванда меноманд. Ва ин иддао то андозае ҳақиқат дорад ва аҷиб ҳам ба назар намерасад. Олимон муътақиданд, ки саломатӣ ва табъӣ занро ҳормонҳо идора мекунанд. Мутаасифона илми муосир дар бобати ҳормонҳо ҳанӯз маълумоти комил дар даст надорад.

Барои мисол ҳамеша чунин мепиндоштанд, ки бештари мушкилоти занон аз тағйири меъёри эстрожен - ҳормоне, ки ҷавобгӯи зебогӣ ва солимии зан мебошад вобастагӣ дорад. Аммо имрӯз собит гардид, ки ин ақида чандон дуруст нест. Олимон муаян карданд. ки на танҳо меъёри эстрожен , балки чи гуна таҷзия шудани ин ҳормон дар организми зан низ аҳамияти вежа дорад. Маълум гардид, ки як қисми моддаҳо, ки дар натиҷаи тақсими эстрожен ба вуҷуд меоянд барои саломатии зан бисёр муфид буда, қисмати дигари моддаҳои ба вуҷуд омада, баръакс, бисёр зараровар мебошанд. Бинобар ин имрӯз табибон мегӯянд, ки эстрожен, монанди холестерин метавонад  ҳам "хуб" ва ҳам "бад" бошад.

Эстрожен асоситарин ҳормонест, ки занро воҷеан зан мегардонад. Ин ҳормон саҳми бузурге дар кори системи тавлиди насли (репродуктивӣ) зан дошта, ҳам саломатии ҷинсии ӯ ва ҳам имкони модаршуданашро муаян мекунад. Маҳз зери таъсири ин ҳормон занон ошиқ мешаванд, шавҳар мекунанд ва шаҳди ширини модариро мечашанд. Аммо бо ин таъсири он маҳдуд намегардад ва эстрожен паҳлӯҳои зиёди дигаре низ дорад. Аз ҳама бештар рангу рӯи зан аз эстрожен вобастагӣ дорад. Ин ҳоромони муҳим дар таровати пӯст, пардози мӯй, чандирии мушакҳо ва қуввати устухонҳо низ нақши муҳим мебозад. Эстрожен инчунин дил ва рагҳоро муҳофизат мекунад ва маҳз ба хотири ин ҳормон занҳо камтар аз мардҳо ба бемориҳои рагу-дил гирифтор мегарданд. Баршумардани ҳамаи доираи таъсири эстрожен имкон надорад, чун ин ҳормон ба 400 кори бадан таъсиргузор аст. Аммо ин таъсири мусбиро ба бадан танҳо эстрожени "хуб" мерасонад. Дар баробари ин эстрожени "бад" баръакс таъсири зиёди манфӣ мерасонад.

Эстрожени "бад"ба андешаи мутахассисон хатари бемориҳои саратониро боло мебарад ва бинобар ин занҳо бояд меъёри эстрожени "бадӣ" баданашонро поин биёранд.  Зиёд ё кам шудани  қисматҳои "хуб" ё "бади" эстрожен аз омилҳои гуногун вобастагӣ доранд. Ба баъзе аз ин омилҳо (хусусиёти ирсии табодули моддаҳо, синну сол ва ғ.) инсон таъсир расонида наметавонад, аммо баъзеи дигарро мешавад назорат намуда, дигаргун кард. Барои таҳрики бадан ба тавлиди эстрожени "хуб" пеш аз ҳама бояд оромиро ба даст овард. Асабонияти зиёд ва стресҳо ба кори ҳамаи системҳои бадан таъсири манфӣ расонда, тавлиди ҳормонҳоро халадор мекунанд. Ҳаракати ҷисмонӣ низ аҳамияти зиёд дорад. Ин ҳаракат бояд мунтазам бошад ва шуморо зиёд хаста накунад. Пиёдаравии ҳаррӯза дар ин самт беҳтарин кори ҷисмонӣ ба шумор меравад. Барои тавлиди эстрожени "хуб" мутахассисон инчунин истеъмоли зиёди гулкарамро ба занҳо тавсия мекунанд. Гулкарам дар таркибаш миқдори зиёди моддаи махсуси растании (ДИМ) дорад, ки ба тақсимшавии (иншиоби) эстожен  ва тавлиди қисмати "хуби" он кумак  мекунад. Умуман эстрожен аз ҳама ҳормони муҳим барои зан ба шумор меравад ва олимон ҳамавора онро маврид омӯзиш қарор медиҳанд. Шояд дар ояндаи наздик ба онҳо муяссар гардад ба таври самаранок мубодилаи ҳаормонҳоро танзим намоянд ва миқдори эстрожени "хуб" ро боло бурда, эстрожени "бад" ро кам кунанд. Дар ин сурат ҳар зан метавонад  худро зебову солим ҳис карда, ҳамеша ҷавон боқӣ бимонад.  

ФОТО

 

ВИДЕО