Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 900 93 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ҶИГАР - ОЗМОИШГОҲИ КИМИЁӢ

Ҷигарро "озмоишгоҳи кимиёии" организм таъбир мекунанд. дар ҳақиқат ин узв дар фаъолияти кулли бадани инсон нақши вежа дорад. Ҷигар дар организм барои равандҳои хӯрокҳазмкунӣ, гардиши хун ва мубодилаи моддаҳо ҷавобгӯ мебошад. Мутахассисон яке аз вазоифи асосии ҷигарро полоиш ва безараргардонии моддаҳои заҳрдор (самъӣ) ном мебаранд.

Моддаҳои заҳрдор пеш аз ҳама, аз муҳити буруна (гирду атроф) вориди бадани мо мегарданд. Хусусан дар шаҳрҳои калон хатари моддаҳои самъӣ барои инсон зиёд аст. Ғайр аз ин моддаҳои самъӣ метавонанд тавассути хӯрок  вориди бадан гарданд  ё бевосита дар дохили бадан низ пайдо шаванд. Моддаҳои заҳрдор ба ҷигар ҳамроҳ бо хун ворид мегарданд ва дар он, чун дар обполояк (филтр) дар мемонанд ва хун тозашуда ва солим аз ҷигар берун меояд. Хуб ҳоло ҷигар бо ин заҳрҳо чи кор бояд кунад? Вазифаи ҷигар безараргардонӣ ва баъд аз организм хориҷ кардани ин заҳрҳо мебошад. Аммо вазоифи ҷигар бо ин хатм намешаванд. Маҳз ба туфайли ҷигар дар организм тавлиди талха (сафро), ки дар ҳазми хӯрок ва ҷабидани витаминҳои "А", "Е" ва "D" нақши муҳим дорад, ба вуқӯ мепайвандад. Бахши муҳими кори ҷигар - мубодилаи моддаҳо ба шумор меравад. Ҷигар бе восита ба мубодилаи аминакислотаҳо ва карбогидратҳо, тавлиди сафедаҳо ва равғанҳо ҷавобгӯст ва дар мубодилаи ҳормонҳои ҷинсии мардона ва занона низ фаъолона ширкат меварзад. Инчунин таъмини метаболизми (мубодилаи моддаҳо) бадан, назорати меъёри холестерин ва тавлид ва лахташавии хун низ аз вазоифи муҳими ҷигар ба шумор мераванд.

Албатта ҷигари солим ва ҷавон ба осони вазоифи дар наздаш гузошташударо иҷро мекунад ва дар ҳолати зарури аз нақша зиёд ҳам фаъолият мекунад. Аммо бо гузаштани синну сол ва тарзи ҳаёти носолим зарари зиёде ба ҷигар ворид мегардад, ки метавонад кори онро ба халал андозад. Одатан дар ҷавони аксарияти одамон муддати тӯлони тарзи ҳаёти солим ва дуруст доранд. Одатҳои бад рафта рафта дар зиндагии мо пайдо мешаванд. Ҳатто хӯрокамон метавонад тағйир кунад. Бемориҳои гуногун, ки инсон ҳамавора дар хатари онҳо қарор дорад, моро маҷбур мекунанд  дорӯҳои гуногун истеъмол намоем ва ин низ дар навбати худ барои ҷигар бе таъсир намемонад. Ва ҷигар рӯз то рӯз бо душворӣ бо ин раванд муқобила мекунад. Бо гузаштани синну сол ҷараёни хун тавассути ҷигар кам мегардад. Хун минҳои ҷигар ҷорӣ гардида, моддаҳои заҳрдорро ворид бадани мо мегардонад. Моддаҳои самъӣ ва метталҳои вазнин дар организм ҷамъ гардида, сабабгори бемориҳои зиёд мегарданд. Равандҳои мубодилавӣ ва синтези сафедаҳо низ бо газаштани синну сол кам мегарданд ва қобилияти ҷигар барои назорати меъёри холестерин ва талха заиф мегардад. Дар натиҷа, дар роҳҳои талхагузар дажғол (шлак) ҷамъ гардида, роҳи ихроҷи талхаро мебанданд. Талхаи дар организм монда, ғафс шуда, ба санг табдил меёбад. Талхаи дар ҷигар боқӣ монда, инчунин боиси паҳншавии микроорганизмҳои зараровар мегардад, ки ба илтиҳоби ҷигар оварда мерасонанд. Бо гузашти синну сол ҷигари одам ба як қатор тағйиротҳои сохторӣ низ мубтало мегардад. Баъди 50 солагӣ раванди кам гардидани вазни ҷигар оғоз мегардад. Аз 45 солагӣ мутахассисон кам гардидани теъдоди умумии селюлҳои ҷигарро (гепотосидҳо) мушоҳида кардаанд.

Бино бар ин мутахассисон тавсия мекунанд ҷигарро аз ҷавонӣ бояд эҳтиёт кард. Интизор нашавед, то ҷигар ниёз ба табобат пайдо кунад ва баъд ба духтур муроҷиат кунед. Ҳар сари чанд вақт ҷигаратонро аз муоинаи мутахассис гузаронед.  Ёри расондан ба ҷигар кори мураккаб ва печидаест. Истеъмоли маводи доругӣ бояд бо вояи хӯрокии дуруст ҳамоҳанг карда шаванд. Ҷигар узви бе ҳамтоест  ва қариб пурра аз торҳои асабӣ маҳрум аст. Бинобар ин ҷигар аз "бемор" шуданаш хабар намедиҳад. Ва соҳиби он бояд ҳамеша аз он ғамхорӣ кунад.

ФОТО

 

ВИДЕО