Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ИЛТИҲОБИ МИЛКИ ДАНДОН

Ба андешаи мутахассисон бемориҳои парадонт, яке аз мушкилоти печида дар дандонпизишкӣ ба шумор мераванд. Ин бемориҳо паҳншавии оммавӣ доранд ва табобаташон бисёр душвор буда, дар марҳилаи рушди онҳо, камсамаранок воқеъ мегирад. Тибқи маълумотҳои ВОЗ (Ташкилоти Ҷаҳонии тандурустӣ) наздики 95% аҳолии бузургсоли сайёраи Замин ва 80% - кӯдакон нишонаи ин ё он бемориии бофтаҳои пародонтиро доро мебошанд.

Кандани дандон низ, бо сабаби бемориҳои парадонт 5 баробар аз кариес дида болотар аст. Ҳамаи ин дандонпизишконро водор мекунад ҳамавора дар ҷустуҷӯи роҳ ва усулҳои нави табобати онҳо кӯшиш намоянд. Миёни бемориҳои парадонт бошад 90-95% - ро бемориҳои илтиҳобӣ, монанди гингвит (варами милк) ва пародонтит ташкил медиҳанд. Милки солим устухонро пӯшонида, дар қисмати гардани дандон бо сатҳи дандон пайваст мегардад. Миёни милк ва дандон як ҷӯяк ё шияри, чуқурияш 1-2 мм вуҷуд дорад. Ин ҷӯяк ё шияри милкӣ як садди табии муҳофизатӣ, дар муқобили сироятҳо ба шумор меравад. Илтиҳоби милкҳо одатан аз гингвит (варами милк) оғоз меёбад. Гингвит танҳо бофтаҳои сатҳии милкро вайрон мекунад ва табобаташ осонтар мебошад. Парадонтит бошад бемории илтиҳобиест, ки тамоми маҷмӯаи бофтаҳои гирду атрофи дандонро (милк, пайҳо ва устухон).  Дар асл гингвит ва пародонтит ду шакли бемории бо ҳам алоқаманд ба шумор мераванд: раванди илтиҳобӣ дар оғоз дар бофтаҳои милк ба вуқӯ мепайвандад ва оҳиста оҳиста, таркибҳои наздиктири парадонт, монанди пайи милки-дандонӣ ва устухони дандон ба он ҳамроҳ мегарданд. Нишонаҳои аввалини беморӣ - хунравии милкҳо, бӯи бад аз даҳон ва пилоки дандонӣ мебошанд. Парадонтит метавонад солҳои дароз бе дард ва бе  бурузи ягон аломат ҷараён ёбад ва бисёр вақт мариз ба табиб, аллакай дар марҳилаи вахими беморӣ  муроҷиат мекунад. Дар ҳақиқат одамони зиёде хунравии гоҳ гоҳи милкҳоро ҳангоми дандоншӯӣ, ё бараҳнашавии гардани дандонро беморӣ ҳисоб намекунанд ва бӯи бадро низ бисёриҳо ҳис намекунанд. Аз тарафи дигар сари вақт муроҷиат накардан ба дандонпизишк, ба аз даст додани пурраи дандонҳо оварда мерасонад. Имрӯз бемориҳои парадонт, на танҳо мушкилоти тиббӣ, балки ба як мушкилоти иҷтимоъӣ табдил ёфтаанд. Барои мисол мутахассисон, ин ё он нишонаи бемориҳои парадонтро (хунравии милкҳо, санги дандон ва ғ) дар зиёда аз 90% и навҷавонон мушоҳида кардаанд ва дар синну соли бузаргтар бошад (30-40 солагӣ) бемориҳои илтиҳобии парадонт вазъи бадтаре доранд.

Сабаби аслии илтиҳоби милкҳоро мутахассисон дар лояи дандонӣ медонанд. Баъди ҳар истеъмоли хӯрок дар дандонҳо ва миёни онҳо, теъдоди андаки боқимондаҳои хӯрока боқӣ мемонанд. Ин боқимондаҳо лояи мулоими дандонро ба вуҷуд меоранд. Ин лояро бо чашм дидан бисёр душвор аст ва дар дохили он дар ҳол микроорганизмҳои зинда пайдо мешаванд. Агар ин лояро мунтазам аз сатҳи дандон дур накунед, он ба санги дандон мубаддал мегардад. Санги дандон бошад дар навбати худ беҳтарин макони зист барои бактерияҳо ба шумор меравад. Ҷамъ гардидани лояи бактериявӣ дар қисмати ҷӯяк ё шияри милкӣ ба гингвит оварда мерасонад. Ин беморӣ агар табобат нагардад, ҷӯяки милкиро вайрон карда, дар он кисаҳои парадонтӣ ба вуҷуд меоянд ва гингвит ба парадонтит мубаддал мегардад. Парадонтит бошад дар навбати худ ба бофтаи устухонии дандон зарба мезанад. Илтиҳоби милки дандон ҳангоми заиф гардидани нерӯи муҳофизатии организм, ҳангоми кариес, баъди ҷароҳати дандон ё табобати нодурусти он, суръати бештаре пайдо мекунад. Инчунин бемории гипертонӣ, диабети қанд, бемориҳои ғадуди сипаришакл ва гурдаҳо ба тағйиротҳои муҳим дар қисмати парадонт оварда мерасонанд. Лояи дандонӣ, ки сабабгори асосии рушди илтиҳоби парадонт мебошад, теъдоди зиёди бактерияҳои зараровар дорад, ки метавонанд ба узвҳои дигари бадан низ таъсири манфӣ расонанд. Хусусан кисаҳои парадонтӣ мабдаъи сирояти музмин (хроническая инфекция) ба шумор мераванд. Имрӯз олимон собит кардаанд, ки вуҷуди сироят дар кисаи парадонтӣ ба рушди артрити ревматоидӣ, эндокардити сироятӣ, варами меъда ва энтероколит мусоидат мекунад. Аммо, оё пешгирикардани илтиҳоби милкҳо имкон дорад? Дар тавсияҳои ВОЗ дар қатори гигиенаи дохили даҳон, инчунин зиёрати дандонпизишк дар ҳар 6 моҳ таъкид шудааст. Танҳо дандонпизишк метавонад тозакунии ҳирфаии дандонро  анҷом диҳад. Дар ҳолати рияои ин қоида ва ҳар 6 моҳ гузаштан аз муоинаи дандонпизишк дандонҳои шумо солиму бардам боқӣ мемонанд.

ФОТО

 

ВИДЕО