Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЁРИИ АВВАЛИЯ ҲАНГОМИ САКТАИ МАҒЗӢ (ИНСУЛТ)

Инсулт ё сактаи мағзи бемории бисёр хатарнокест ва бо муаян намудани аломатҳои он ва инчунин бо расонидани ёрии аввалия ба бемор, шумо метавонед ҷони ӯро наҷот диҳед.  Дар тибби имрӯз озмоиши (тести) бисёр содда ва самараноке вуҷуд дорад, ки имкон медиҳад, хеле зуд аломатҳои аввалини ин бемориро муаян намуд.

Инак мо ин озмоишро пешкаши шумо мегардонем, то дар сурати лозима аз он истифода баред:

А) Аз бемор хоҳиш кунед то табассум кунад. Дар марҳилаи аввалияи сакта, хандаи бемор "каҷ" менамояд. Чун ҳангоми сакта як қисмати рӯйи бемор аз кор мемонад ва як кунҷи даҳон ба поин овезон мегардад. Забони бемор низ номутаносиб ҷойгир мегардад. Забон ба як тараф меафтад ва шакли нодуруст пайдо мекунад.

В) Аз бемор хоҳиш кунед бо шумо сухан гӯяд. Дар ҳолати пеш аз сактавӣ гуфтори бемор норавшан гардида, сухан гуфтани одами сахт мастро мемонад.

С) Аз бемор хоҳиш кунед якбора ҳар ду дасташро ба боло бардорад. Агар бемор ин корро анҷом диҳад, дасти тарафи гирифтори сакта, аз дасти дигар поинтар қарор мегирад. Дар ҳар сурат дараҷаи ҷойгиршавии дастҳо якхела  намегардад.

Аломатҳои зерин низ метавонанд нишонаҳои сактаи мағзӣ бошанд:

- дарди сари сахт ва якбора, баъди ягон фаъолият ё бе ягон сабаби маълум;

- қисман ё пурра аз ҳуш рафтани бемор;

- аз даст додани қобилияти ҳарф задан ва инчунин аз даст додани қобилияти фаҳму дарки сухани каси дигар;

- сарчархзании сахт, аз даст додани ҳамоҳангӣ ва ҳисси мувозинат;

Агар шумо дар бемор яке аз ин аломатҳоро мушоҳида кардед, фавран ба "ёрии таъҷилӣ" муроҷиат кунед.

Шумо метавонед то омадани Ёрии таъҷилӣ ба бемор ёрии аввалия расонед. Аввал ба "ёрии таъҷилӣ" ҳолати беморро саҳеҳу дуруст бифаҳмонед. Чун ба одами гирифтори сактаи мағзӣ ёрии пизишкони асабшинос зарур аст. Бинобар ин дар муассисаи тиббӣ бояд шуморо дуруст фаҳмида, ба наздатон пизишкони даркориро равона кунанд.

Сониян беморро тавре бихобонед, ки сараш аз сатҳи ҷои хобидааш 30* болотар қарор гирад. Барои ин кор метавонед аз патту, болишт ё либос истифода намоед.

Дар марҳилаи баъди кӯшиш намоед озодии нафаскаширо ба бемор таъмин кунед. Бояд либоси танг, тасма ё ҳар чизи дигар, ки метавонад боиси ихтилол дар нафаскашии ӯ гардад, аз баданаш берун карда шавад. Инчунин, вуруди  ҳавои тозаро ба утоқи бемор таъмин намоед.

Агар бемор дучори дилбеҳузурӣ шуд ё ба партофтан даромад, сари ӯро оҳиста ба як тараф гардонед. Ин имкон медиҳад роҳҳои нафаскашиаш муҳофизат шаванд. Баъд аз поён ёфтани қайкунӣ даҳони беморро поку тамиз гардонед.

Инчунин, ҳатман фишори артериалии беморро бисанҷед ва нишондодҳоро ҷое сабт карда, ба табибон нишон диҳед. Агар фишор баланд бошад, бояд ба бемор дорӯи фишорпасткунанда бидиҳед. Агар дорӯ набошад, ба болои пои бемор грелка ё шишаеро бо оби гарм гузоред. Барои насӯхтани бемор ҳарорати обро бояд танзим намоед.

Хеле муҳим аст, ки шумо ҳолати худро низ контрол кунед ва ба бемор тарсу ҳаяҷони худро нишон надиҳед. Бо бемор ҳар қадар метавонед орому бо тамкин суҳбат кунед ва ба ҳар васила дастгирии маънавии худро намоиш диҳед.

Баъди омадани Ёрии таъҷилӣ шумо бояд ба табибон аз тамоми ҷузъиёти воқеъа иттило диҳед. Ин корро ҳар чи сареҳтар ва фаҳмотар анҷом диҳед. 

ФОТО

 

ВИДЕО