Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ҲАМВАТАНОНИ ГИРОМӢ!

Бемористони Ибни Сино ҳамаи Шуморо бо фарорасии соли нави милодии  2017 табрику муборакбод мегӯяд!                                     

Соли нав идест, ки ҳамеша ҳамроҳи худ орзуҳои наву накӯ меорад. Ҳар нафар бар он бовар аст, ки маҳз соли нав дар зиндагӣ ва кору пайкори ӯ ҳамроҳи худ дастоварду пирузиҳои нав хоҳад овард ва тағйироту навгониҳои судманд насиби ҳамагон мегардад. Таманно дорем, соли нав барои   Шумо соли оғозҳои нек ва идомаи шоҳроҳи бахту саодат бошад!

Ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз дар соли нав пеш аз ҳама саломатӣ, саодатмандӣ, тавфиқу пирузӣ ва ба аҳли оилаи шумо амалишавии кулли орзуҳояшонро таманно дорем.

Орзу мекунем, ки хонаи ҳар кадоматон  аз муҳаббат гарм бошаду дастархонатон пурфайз ва офату газанд ва чашми бад аз  шумо  ва аҳли хонадонатон дур бод.

Соли нав муборак,  дӯстони азиз! 

ФОТО

 

ВИДЕО