Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ДАНДОНҲОИ СУНЪӢ

Дандони сунъи ё протезҳои дандон дар асл тақлиди қисмати болоии дандон ба шумор меравад. Дандонҳои сунъӣ имрӯз аз масоили маҳкам ва тобовар сохта мешаванд ва дар зоҳир аз дандонҳои табии ҳеҷ тафовуте надоранд.

Дандони сунъӣ ба дандонҳои табии ҳамсоя бо яке аз усулҳои дар дандонпизишкии муосир мавриди истифода қарор гирифта, васл мегардад. Ин усулҳо иборатанд аз: ширешкунӣ, забонаи дандонӣ, қулфакҳо ва ғилофакҳо (коронка). Бо барқарорсозии сунъии дандонҳои аз дастдода, дар тибби имрӯз мутахассисони гуногун монанди дандонпизишкон, терапевтҳо, ҷарроҳон ва шикастабандҳо (ортопед) машғуланд. Барои мисол усули терепавтӣ аз истифодаи маводи пуркунанда (пломбаӣ) иборат меёбад. Ҳангоми ин усул, дандонпизишк тамоми амалиёти заруриро дар ковокии даҳон анҷом медиҳад ва дандонро аз маводи пуркунандаи плостикӣ барқарор месозад. Ҳангоми барқарорсозии дандон бо роҳи протезгузорӣ бошад, тарҳи дандони барқарормегардида дар озмоишгоҳи дандонпизишкӣ таҳия ва сохта мешавад.  Ҳар мизоҷ бояд дар назар дошта бошад, ки протезкунонии дандонҳо, ҳатто бо мақсадҳои зебосозӣ (эстетикӣ)  пеш аз ҳама табобат ба шумор меравад. Чун набудани ҳатто як дандон ба кулли сохтори дандонуҷоғӣ, таъсири манфии зиёд мерасонад. Агар дандони набударо сари вақт бо дандони сунъӣ ҷойгузин накунанд, хатари ҷобаҷогардии дандонҳои боқимонда пайдо мешавад. Ингуна "ҳаракат" дар даҳон хобиши дандонҳо (гоз) ва мавқеъи ҷоғи поёнро тағйир дода, ба бемориҳои банду буғум ва мушакҳои ҷоғи поёнӣ ва чакка, ки дар ҳаракати ҷоғи поёнӣ ширкат меварзанд,  оварда мерасонанд. Ғайр аз ин "ҳаракати" ғайритабии дандонҳо бисёр вақт сабаби илтиҳоби милки дандонҳо низ мегардад.

Агар дандон пурра аз байн нарафтааст ва қисматҳое аз он боқӣ мондаанд, дандонпизишкон метавонанд онҳоро барои протезгузорӣ мавриди истифода қарор диҳанд. Ба болои дандони зарардида, ғилофак (коронка), ки аз маводи махсуси дандонпизишкӣ (монанди пӯлоди тиббӣ, сафолоти филизин, ё суфолот) сохта шудааст кашида мешавад. Инчунин ҳангоми боқӣ мондани қисмате аз дандон, пизишкон имкон пайдо мекунанд аз пуркунандаи сафолӣ истифода намоянд. Ин пуркунанда аз рӯи қолиби гирифтаи дандонпизишк сохта мешавад. Ба василаи ин пуркунанда, ки тавассути ширеши махсус маҳкам мегардад, табибон иллати дандонро бе каму кост аз байн мебаранд. Ингуна дандон умри тӯлони дошта, маҳкам ва ранг ва шакли табии дорад. Бо мақсади иваз кардани як ё якчанд дандони набуда, дандонпизишкон метавонанд аз протезҳои пашин истифода баранд. Фарқияти асосии онҳо қисмати мобайниашон мебошад, ки аз дандонҳои сунъӣ иборат меёбанд. Ингуна протезҳо вақте дар ду тарафи дандони набуда, дандонҳои мустаҳкам вуҷуд доранд ва дар онҳо мешавад ин навъи протезро устувор гардонид, маврдиди истифода қарор мегиранд. Аммо аз ҳама усули боэътимод ва мустаҳками протезкунонӣ коштани дандон ё имплантатсия ба шумор меравад. Асоси ин усулро коштани милаи титониюми ба ҷоғ ташкил медиҳад. Ба ин мила ғилофак кашида мешавад. Инчунин дар дандонпизишкии муосир протезҳои қолабӣ (бюгелӣ) маврди истифодаи васеъ қарор гирифтаанд. Дар ин навъи протезҳо дандони сунъӣ ба пояи филизин васл карда мешавад. Протезҳои қолабӣ (бюгелӣ) инчунин дандонҳои дар натиҷаи породонтоз ҷунбоншударо мустаҳкам нигоҳ медоранд. Навъи дигари пртоезҳоро - протезҳои лавҳаӣ ташкил медиҳанд. Ин навъи протезҳо аз хамираҳои плостикӣ ё нейлон сохта мешаванд. Ин масолеҳ хусусиёти худро (монанди ранг, шакл, мустаҳкамӣ ва зичӣ) муддати зиёд гум намекунанд. Ҳангоми сохтани протез дандонҳои сунъӣ ба хамира шинонда мешаванд. Аммо протезҳи лавҳаӣ танҳо аз як такягоҳ - милки дандон бархурдоранд, бинобар ин дар даҳон чандон мустаҳкам ҷойгир намегарданд ва метавонанд сатҳи милкро нороҳат кунанд. Имрӯз дандонпизикон метавонанд дандоҳои сунъиро ҳатто дар ҳолати набудани ҳамаи дандонҳои табии шинонанд. Барои ин кор пизишкон протези лавҳаии тамоми ҷоғро сохта, онро ба милк пайваст мекунанд. Ё чанд дандони такягоҳи кошта, протези қолабиро ба онҳо васл мекунанд. Умуман имрӯз табобати муосири дандон, бо истифода аз технологияҳои асри 21 имкон медиҳад дандонҳои табии дар муддати тӯлонӣ ҳифз гарданд. Барои ин кор, танҳо сари вақт бояд ба назди дандонпизишк ташриф бурд.

ФОТО

 

ВИДЕО