Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 900 93 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БЕМОРИҲОИ ДАСТГОҲИ ГУВОРИШӢ (МЕЪДАВУ- РӮДА)

Мутаасифона имрӯз ҳатто афроди нисбатан ҷавон, ки тарзи ҳаёти солим мебаранд метавонанд ба мушкилоти дастгоҳи гуворишӣ (меъдаву руда) дучор гарданд. Қабзият (запор), дарунравӣ (исҳол), нафхи шикам (метеоризм), дарди меъда, варами (иттисои) шикам метавонанд нишонгари бемориҳои гуногун бошанд.

Дастгоҳи гуворишӣ (роҳи меъдаву рӯда) системи сохтории мураккабест, ки қодир аст хӯрокро ҳазм намуда, моддаҳои ғизодиҳандаро аз он ҳосил намояд. Аммо ин системи мураккаб метавонад ба иллатҳои зиёде гирифтор гардад, ки фаъолияташро халалдор мекунанд. Варами меъда (гастрит), панкреатит, холесистит ва бемориҳои зиёди дигар метавонанд ба ин систем осеби ҷиддӣ ворид кунанд. Аммо ба андешаи мутахассисон инсон метавонад системи дастгоҳи гуворишии худро аз ин хатарот маҳфуз нигаҳ дорад, агар тартиби (режими) дурусти ғизоӣ ва беҳдоштии (гигиена) дасгоҳи гуворишро риоят намояд. Бо вуҷуди ин мутахассисон тавсия медиҳанд, агар шумо дар кори муназами ин дастгоҳ халалеро мушоҳида кардед фавран ба пизишк барои гузаронидани муоинаи дақиқ муроҷиат кунед. Одатан озмоишҳои соддаи аввалия ва муоинаи узвҳои ҳозима бо ёрии УЗИ метавонанд мушкилоти дастгоҳи гуворишро ошкор намоянд. Дар баъзе маворид табибон метавонанд муоинаи рентгениро низ анҷом диҳанд.

Ҳолати дастгоҳи гуворишӣ, на танҳо аз тартиби ғизоӣ ва фаъолияти ҷисмонӣ вобастагӣ дорад, балки ҳолати пешгоҳи ҳалқ ва дандонҳо низ дар фаъолияти мунтазами он нақши зиёд доранд. Манобеъи сироятӣ дар ин узвҳо ба халали бевосита дар фаъолияти узвҳои ҳозима оварда мерасонанд. Бемориҳои сироятии дастгоҳи гуворишӣ метавонанд бо сабаби илтиҳоби гулӯ (фарингит), кариес ё варами ғадуди бодомшакл (танзилит) ба вуқӯ пайвандад. Илтиҳобҳо дар қисмати дастгоҳи гуворишӣ бештар дар одамони бузургсол, кӯдакон ё одамони бо сабаби беморӣ заифгашта рух медиҳанд. Маҳз ба хотири ин узвҳои пешгоҳи ҳалқ ва даҳон бояд доим зери назорати махсуси мутахассис қарор гиранд.

Халал дар кори узвҳои ҳозима одатан бо аломатҳои зерин мушаххас мегарданд:

- сангинии меъда;

- коҳиши иштиҳо;

- гозҳо дар рӯда;  

- дард  дар қисмати ҷигар, рудаҳо ё меъда;

- сустии ҳозима;

- эҳсоси ташнагии сахт;

- сарчархзанӣ ва дилбеҳузурӣ;

- таби баланд.  

Табиби ҳирфаи баъди мушоҳидаи ин аломатҳо хеле зуд мушкили дасгоҳи гувориши муаян мекунад ва баъди гузаронидани муоинаҳои зурури бемориро ташхис медиҳад. Табобати дастгоҳи гуворишӣ низ аз чанд ҷанба иборат меёбад. Парҳез дар хӯрок, давраҳои физиотеропӣ ва дар ҳолатҳои вазнин табобати дорӯӣ хеле зуд дастгоҳи гуворишии шуморо ба танзим медароранд.                  

ФОТО

 

ВИДЕО