Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

АТЕРОСКЛЕРОЗ Ё "ШӮЛАИ ҒАЛИЗ"

Атеросклероз равандест, ки дар решаи бештари бемориҳои системи дилу-раг нуҳуфта гардидааст. Ин беморӣ инчунин ба бемории қанд низ таъсири манфии зиёд дорад ва яке аз сабабҳои аворизи ин беморӣ ба шумор меравад.

Мафҳуми "атеросклероз" бори аввал аз ҷониби олимон соли 1913 барои муаррифии навъи махсусӣ артериосклероз ироа гардид. Префикси "атеро" аз забони юнонӣ гирфта шудааст ва маънояш "шӯлаи ғализ" мебошад. Олимон бо мафҳуми "атеросклероз" раванди ҷамъшавии амфорвии чарбиҳоро дар шарёнҳои ҷинсӣ номгузорӣ намуданд. Кӯшишҳои ба вуҷуд овардани ин беморӣ бо роҳҳои таҷрибавӣ ба василаи моддаҳои гуногуни ба шарёнҳо зараровар (адреналин, хлориди барий ва ғ) дар оғоз натиҷа надоданд. Ва танҳо соли 1908 ба олимони рус А. Игнатовский ва  С. Салтиков муяссар гардид ба таври таҷрибавӣ атеросклерозро ба вуҷуд оранд. Барои ин кор олимон муддати тӯлонӣ ба заргӯшҳо гӯшт, шир ва тухм мехӯронданд.  Баъди чанде маълум гардид, ки атеросклерозро ба таври таҷрибавӣ, танҳо бо истифодаи маҳсулоте, ки дар таркибаш холестерин дорад, мешавад ба вуҷуд овард. Холестрин ва инчунин тригледсеритҳо ба синфи чарбиҳо дохил мегарданд ва дар асл эфирҳои оксидҳои чарбии дароззанҷир буда, ба сифати қисмати чарбигӣ ба таркиби липопротеинҳо дохил мешаванд. Липопротеинҳо дар навбати худ ноқилони асосии чарбиҳо миёни бофтаҳо ва узвҳои бадан ба шумор мераванд. Хусусиёти обгурезии чарбиҳо намегузорад онҳо дар шакли чарбии соф аз плазма убур кунанд. Холестерин бошад барои фаъолияти организм комилан зарурӣ буда, ба таркиби мембранаи ҳуҷайраҳо (ғашои селюлӣ) дохил мешавад. Ғайр аз ин холестерин заминасозӣ ҳормонҳои истероидӣ ва витомини D ба шумор меравад. Холестерин тавассути хӯрок вориди бадани инсон мегардад ва дар худи бадан синтез мешавад. Истеъмоли маъмулии холестерин  бо хӯрок  200 - 500 мг дар рӯзро ташкил мекунад. Холестерин пурра аз рӯдаҳо ҷазб намешавад ва танҳо аз 30 то 60% он вориди бадан мегардад. Қисмате аз холестерини ҷазбшуда низ, дубора ҳамроҳи талха ба рӯдаҳо тарашӯъ мегардад.

Олимон кайҳо муаян кардаанд, ки меъёри баланди холестерин дар хун, хатари бемории ишемикии дилро зиёд мекунад. Аввалин нишонаҳои атеросклероз метавонанд дар хурдсолии инсон низ пайдо шаванд. Ин нишонаҳоро доғҳои чарбигӣ меноманд ва пайдоишашон ба қабатҳои чарбигии липопротеинҳо дар шарёнҳои ҷинсӣ алоқаманд аст. Маҳз аз ҳамин доғҳо дар оянда пилокҳои атеросклеротикӣ метавонанд ба вуҷуд оянд. Лепопротеинҳои дар шарён ҷамъшуда, қисман бо моддаи байниселюлӣ (байни ҳуҷайравӣ) мепайванданд. Моддаи байниселюлӣ бошад аз антиоксидонт маҳрум аст ва ин боиси турш шудани липопротеинҳо ва рушди  раванди илтиҳоби маҳаллӣ мегардад. Ин дар навбати худ боиси пайвастшавии лейкотситҳо ба плазма мешавад ва онҳо ҷониби шарёнҳо кӯч мебанданд. Дар доғҳои чарбуӣ лейкотситҳо ба микрофожҳо мубаддал мегарданд. Микрофожҳо бошанд липопротеинҳоро фуру бурда, ба ҳуҷайраҳои кафкии серчарбу табдил меёбанд. Ҳамаи ин ба ғафсшавии шарён ва дар он ҷамъ гардидани ҳуҷайраҳои ҳамвормушак (селюлҳои азласоф) ва моддаи байниҳуҷайравӣ оварда мерасонад. Аз ин мавод кулоҳи фибрӣ ба вуҷуд меояд, ки ҳуҷайраҳои ҳамвормушак зери он қарор мегиранд. Ҳангоми марги ин ҳуҷайраҳо дар шарён тӯдаи отрюмии аз чарби бой пайдо мешавад. Дар мароҳили аввалияи атеросклероз пилокҳо раванди хунгардиро халалдор намекунанд ва аз нигоҳи клиникӣ низ зоҳир намегарданд. Дар оғоз пилок дар беруни лумани рагҳо (ҷои холӣ) мерӯяд ва танҳо қутри шарёнро зиёд мекунад. Аммо бо гузаштани вақт пилокҳои атеросклеротикӣ оҳиста оҳиста доираи шарёнро танг карда, ҷараёни хунро халалдор мекунанд.

Ҷамъшавии зиёди холестерин дар хун, хеле пештар аз хуруҷи беморӣ оғоз меёбад ва сари вақт муаян намудани он яке аз вазоифи муҳими табибон ба шумор меравад. Муаян намудани холестерин дар хун, бояд унсури асосии муоинаи ҳамаи беморони (мардон аз 30 солагӣ ва занон аз 40 солагӣ)  қарор дода шавад. Одатан атеросклероз ба узвҳои гуногун исобат мекунад ва пеш аз ҳама, аз ин беморӣ рагҳои ишемӣ азият мекашанд. Инчунин ин беморӣ метавонад ба рагҳои корутид, рагҳои мағзи сар, раги шикам, шарёнҳои гурда, ва рагҳои пойҳо  таъсири манфии зиёд расонад. Ҳамин тариқ меъёри зиёди холестерини "бад" аз хатари болои ин беморӣ гувоҳӣ медиҳад ва поин овардани он дар хун ба василаи маводи дорӯӣ, метавонад раванди атеросклерозро ҷулӯгирӣ карда, ҷони одамони зиёдеро наҷот диҳад. 

ФОТО

 

ВИДЕО