Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МИННАТДОРӢ

Нидоев Ҳоҷӣ Назриддин, истиқоматкунандаи ноҳияи Дарвоз мебошад. Ин марди шариф аз соли 1963 то соли 2017 ба ҳайси мудири Дорухонаи №5 маркази  Даровоз, шаҳраки Қалъаи Хумб фаъолият намудааст.

Ҳоҷи Назриддин собиқадори меҳнат дар соҳаи тибб буда, аълочии нигаҳдории тандурустии СССР,  аълочии нигаҳдории тандурустии РСС Тоҷикистон ва аълочии қушунҳои сарҳадии СССР низ ҳаст . Замони оғози ҷанги Афғонистон, маҷрӯҳони зиёде бо доруҳои бобои Назриддин шифо ёфтанд. Чанде қабл роҳбари коммунистони рус Зюганов бобои Назриддинро бо медали хотиравии "130 солагии Сталин" қадрдонӣ намуд. Нидоев Назридди дорусози дараҷаи аввал аст ва вакили Анҷумани якуми Дорусозони РСС Тоҷикистон ҳам буд. Чанде қабл саломатии бобои Назриддин халал пайдо кард ва ӯ барои табобат ба Душанбе омада,  дар Бемористони Ибни Сино ба муваффақият ҷарроҳӣ карда шуд. Мутахассисони бахши урологии бемористон ба бобои Назриддин ташхиси "омоси масона" ва "аденомаи простата" гузоштанд. Баъди ташхис ин муйсафеди нуронӣ тариқи эндоскопӣ ҷарроҳӣ карда шуд. Худи  бобои  Назриддин мегӯяд, ки ман 1 феврали соли равон, аз фарзандонам дар бораи Бемористони Ибни Сино иттилоъ ёфтам. Дар ҳол баъд аз мунтақил шудан ба бемористон ва ташхиси сареъ, мутахассисони бахши урологӣ маро ҷарроҳӣ карданд ва ман ҳатто ҳис намекардам, ки маро ҷарроҳӣ мекунанд. Ҷарроҳиам қариб як соат тӯл кашид ва алҳамдуллилоҳ ҳоло вазъам бисёр хуб аст. Бобои Назриддин бисёр хоҳиш кард, ки миннатдории ӯро ба ҳамаи муттахассисони бемористон ва хусусан ба табибон: доктор Абдусамад Абдувоҳидов, доктор Мубин Аминов, доктор Азизов Умар, доктор Саид Ҳабибуллоҳи Мусавибаҳор ва асабшинос Шерали Сайдалиев бирасонем. 

ФОТО

 

ВИДЕО