Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

КАРДИОҶАРРОҲӢ: УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАБОБАТ

Таърихи кардиоҷарроҳии муосир тирамоҳи соли 1896 оғоз гардид. Бори аввал ба табиби олмонӣ муяссар гардид ба дили аз захми чоқу осеб дида, дарз бизанад.

Ин амал бо истилоҳи кардиоҷарроҳӣ дар тибби муосир маъруф шуд ва аз ин ба баъд тамоми ҷарроҳиҳои дил ва рагҳои ба он наздикро - кардиоҷарроҳӣ меноманд. Дар ибтидо тамоми усулҳои ҷарроҳӣ дар атрофи дил, бо назардошти гузаронидани ҷарроҳиҳо дар дили кушод, коркард мегардиданд. Аз ҳама усули пуршур дар кардиоҷарроҳии муосир, пайвандкунии дил - пайвстани дили донорӣ аз инсон ба инсони дигар ба шумор меравад. Хушбахтона имрӯз бо пешрафти илмӣ техникӣ соҳаи тибб низ ба пешравиҳои зиёде ноил шудааст. Солҳои охир дар қатори ҷарроҳиҳои клоссик дар дили кушод, кардиоҷарроҳӣ аз усулҳои камзахми инвизивӣ низ васеъ истифода мебарад ва ин ҷарроҳиҳо аз маъруфияти бештаре бархурдоранд. Ҷарроҳиҳои камзахм ба василаи эндоскоп, ки тариқи шикофи кучаке ба бадан ворид карда мешавад, амалӣ мегарданд. Мутахассисон бартарии ин усулро дар он арзёбӣ мекунанд, ки баъди ҷарроҳиҳои инвизивӣ дар тани бемор қариб ҳеҷ захме боқӣ намемонад, барқароршавии мариз баъди ҷарроҳӣ зудтар ва бедардтар рух медиҳад, чун қафаси сина ҳеҷ осебе надидааст. Усулҳои ҷарроҳии камзахм низ зиёданд ва ҳоло мо асоситаринашонро мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

1. Гузоштани шунт: таъмини ҷараёни хун.

Таъмини хуни мушики дил ба василаи рагҳои коронарӣ (ишемӣ) амали мегардад. Аммо як қатор бемориҳо, монанди артериосклероз (тасаллуби шарён) метавонанд ба тангшавии ин рагҳоҳо мунҷар гарданд ва ҷараёни хунро кам гардонанд. Дар натиҷаи ин қисматҳое аз мушаки дил пурра бо хун таъмин намегарданд ва метавонанд осеби ҷиддӣ бинанд. Дар ҳолати инсидоди (басташавии) пурраи раги коронарӣ (ишемӣ) марги мушаки дил ё ҳамон инфоркти миокорд ба вуқӯ мепайвандад. Ба хотири пешгирӣ аз ин ҳолат маризоне, ки рагҳои ишемиашон танг шудаанд, барои тунук кардани хун (гемодилютсия)  бояд ҳамеша дорӯҳои махсус истеъмол кунанд ё аз амали ангиопластикаи баллонӣ гузаранд. Тавассути ин амал ба раги хунгард баллони махсус ворид карда мешавад ва он намегузорад рагҳо пурра маҳкам шаванд. Аммо агар ин ду усул натиҷа надиҳанд, роҳи ягона шунтгузорӣ ба шумор меравад. Ҷарроҳин ба василаи шунт роҳҳои нави ҷараёни хунро шакл медиҳанд ва қисматҳои осебдидаи рагҳо аз ин ҷараён канор мемонанд. Ҷарроҳии мазкур зери анастезияи умумӣ гузаронида мешавад. Табибон дар қисмати қафаси сина буриши дарозиаш 15 см анҷом медиҳанд. Дили мариз дар рафти ҷарроҳи ба дастгоҳи ҷараёни хуни сунъӣ пайваст карда мешавад. Сипас табибон аз қисмати раги пой ё банди даст роҳҳои нави хунгардро шакл медиҳанд. Ин роҳ ба самти рагҳои тангшудаи ишемӣ равона мегардад ва ҷараёни хунгарди дилро таъмин мекунад. Ин усули ҷарроҳи имрӯз як амали маъмулист (стондорт), аммо бо вуҷуди ин ба василаи шунтгузорӣ намешавад бемории асосиро бартараф кард. Барои мисол агар мариз тарзи ҳаёти худро тағйир надиҳад, бемории артериосклероз (тасаллуби шарёнӣ) баъди шунтгузорӣ низ рушд хоҳад кард.   

2. Кошти даричаи дил.

Даричаҳои дил миёни даҳлезчаҳо ва меъдачаҳои дил ва дар шарёни шушӣ ва шоҳраг воқеъ гардидаанд. Дар ҳорлати халалдор гаштани кори даричаҳо, ҷараёни баръакси хун ва шахшавии хун ба вуқӯ мепайвандад ва ин ҳолат метавонад  дар кори дил халали зиёд ворид кунад. Вазифаи кардиоҷарроҳӣ ҳангоми халалдор гаштани кори даричаҳо, барқарорсозии кори онҳо ё коштани даричаи сунъӣ ба шумор меравад. Барқарорсозии кори дарича ё коштани онҳоро, табибон ҳангоми ҷарроҳӣ муаян мекунанд. Дар ҳолати коштани даричаи дигар, табибон имкон доранд аз даричаи биоложӣ истифода кунанд, ки 10-15 сол хизмат хоҳад кард ё даричаи сунъиро ба дили бемор кошт кунанд. Камбудии асосии даричаи сунъӣ аз он иборат аст, ки мариз бо ин дарича бояд тамоми умр аз дорӯҳои хунтунуккунанда истифода барад. Даричаҳои дили кошт мегардида ду навъ: сунъӣ ва биоложӣ мешаванд. Интихоби навъи даричаи кошт мегардида, бо ҳамкории зичи табиб ва бемор амалӣ мегардад. Омилҳои ҳалкунанда дар интихоб, синну соли мариз, бемориҳои дигар, ки метавонанд ба натиҷаи ҷарроҳӣ таъсиргузор бошанд ва шакли бемории даричаҳои дил ба шумор мераванд. Ҳангоми коштани даричаҳои биложӣ, истеъмоли дорӯҳои хунтунукунанда лозим нест, аммо ин даричаҳо танҳо як вақти муаян хизмат мекунанд. Маризон баъди гузаштани вақти истифода, бояд бори дигар бояд ҷарроҳӣ гарданд. Саломатии беморон бошад, баъди коштани даричаи дил пурра барқарор мегардад.

3. Нумӯяи дил: кардиоҷарроҳии ритмикӣ.

Дили одамӣ дастгоҳи огоҳкунандаи (сенсурии) худро дорост, ки онро дар истилоҳи тиббӣ уқдаи синусӣ меноманд. Маҳз ин уқда назми кори дилро таъин мекунад. Аммо гоҳе авқот бо сабаби беморӣ ё сироят, кори уқдаи синусӣ ба халал меуфтад ва дил кори мунназами худро аз даст медиҳад. Ҳангоми рух додани чунин ҳолат, нумӯяҳои дил (стимулятори дил) ба ёрӣ меоянд ва мавриди истифодаи табибон қарор мегиранд. Имрӯз кардиоҷарроҳии муосир бо ёрии дастгоҳҳои нумӯяи дил, дар табобати халадоргаштани назми дил ба комёбиҳои назаррас ноил гардиааст. Дастгоҳҳои нумӯяи дил метавонанд чанд сол фаъолият кунанд ва танҳо иваз кардани боторейро ниёз доранд. Ҷарроҳии мазкур бисёр нозук буда, дар бештари маврид таҳти анастезияи маҳаллӣ анҷом мегирад. Ҷарроҳон тавассути эндоскоп ба меъдачаи дил асбиби махсусро ворид мекунанд ва ба василаи он зарабони дилро месанҷанд. Нумӯяи дил бештар дар чанбари гардан ҷойгир карда мешавад. Нумӯя мавҷҳои асбоби махсусро дарёфт карда, ба василаи набзи электрикии худ ба онҳо ҷавоб медиҳад ва кори дилро муназзам мегардонад. 

4. Коштани дифферблиятор.

Ба одамоне, ки сактаи қалбиро пушти сар кардаанд ё бо халалҳои хатарноки назми дил гирифторанд, хатари марг аз исти дил бештар таҳдид мекунад. Ва яке аз вазоифи кардиоҷарроҳӣ, барқарорсозии назми дил дар фалатҳои фаврӣ ба шумор меравад. Ба меъдачаи дили маризоне, ки дар гурӯҳи хатар қарор доранд, тавассути ҷарроҳӣ морпечи филизин (спирал), ки дорои сенсури махсусест, ворид карда мешавад. Нумӯяи дил дар ин ҷарроҳӣ, дар чанбараи гардан воқеъ мегардад. Дар ҳолати истодани дил, морпечи филизин тахлияи электрикӣ (электрический разряд) ба вуҷуд меорад ва ин тахлия назми дилро барқарор месозад. Ҷарроҳии мазкур зери анастезияи маҳаллӣ, дар шароити амбулаторӣ гузаронида мешавад.

5. Ресинхронизатсия ҳангоми норасоии кори дил.

Ресинхронизатсия дар кардиоҷарроҳӣ усули ягона ва мумкини табобати заъфи мушаки дил (норасоии кори дил) шинохта шудааст. Дастгоҳ аз се мисбор (зонд) ва нумӯяи дил иборат ёфтааст. Мисборҳо ба ба даҳлези рости дил ворид карда мешаванд ва корӣ мушакҳои дилро назорат мекунанд. Ин навъи ҷарроҳӣ зери анстезияи маҳаллӣ анҷом мегирад. Барои ворид кардани мисборҳо ҷарроҳон аз катетрҳо истифода мебаранд ва ин равиш дар кардиоҷарроҳии муосир "ҷарроҳии сӯрохи қулф" номгузорӣ шудааст. Бо ин равиш ҷарроҳон ба дохили рагҳо дастрасӣ пайдо мекунанд. Ҳамин тариқ давраи барқарорсозии мариз баъди ҷарроҳӣ хеле кӯтоҳ мегардад ва мариз ҳеҷ дарду озореро ҳис намекунад.

ФОТО

 

ВИДЕО