Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЗАРДАҶӮШ Ё СӮЗИШИ МЕЪДА

Адмирали маъруфи англис Г. Нелсон, ки дар ҷанге аз як чашмаш маҳрум шуда буд ҳамеша мегуфт: "Ман ҳозирам чашми дуввумамро ҳам бидиҳад, фақат маро аз зардаҷӯш наҷот диҳед".

Ва адмирали якчашма то андозае ҳақ дошт чунин суханеро ба забон орад, чун зардаҷӯш ё сӯзиши меъда метавонад чунин нороҳаткунанда бошад, ки мариз тайёр аст барои наҷот ёфтан аз ин дарди нороҳаткунанда, ҳама чизашро фидо кунад.

Зардаҷӯш ё сӯзиши меъда, ҳолати сӯзишест, ки дар қисмати болоии шикам ба вуҷуд меояд. Дар тибби имрӯз зардаҷӯшро бемории рефлюксивии меъда ном мебаранд. Рушди ин беморӣ дар кишварҳои гуногун тафовут дошта, аз хусусиёти женетикӣ ва қавмӣ, хӯроки миллӣ ва авомили дигар вобастагӣ дорад. Аммо ба андешаи мутахассисон бемории мазкур дар тамоми дунё аз рушди бесобиқа бархурдор аст. Зардаҷӯш ё сӯзиши меъда бемории музмини (хронический) такроршаванда буда, бо авомили клиникии махсус зоҳир мегардад. Зардаҷӯш (бемории рефлюксевии меъда) метавонад  нишонаи бемории дигар, масалан захмӣ меъда бошад. Ба андешаи мутахассисон  авомили асосии хатарнок барои рушди бемории рефлюксивии меъда фарбеҳӣ, истресси равонӣ, истеъмоли маҳсулот ва дорувории дар таркибашон кофеин дошта, сигоркашӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, ҳомиладорӣ, иллатдор гардидани асаби сертор, хӯрокхурии аз ҳад зиёд ва бо шитоб ба шумор мераванд. Зардаҷӯш асоситарин зуҳуроти клиникии бемории рефлюксевии меъда буда, тақрибан 1 ё 1,5 соат баъд аз истеъмоли хӯрок ва дар бештари маворид,  дар шаб зуҳур мекунад. Зардаҷӯш ҳангоми рост истодан, фурӯ бурдани оби даҳон, нӯшидани об ё шир камтар мегардад ва ба василаи дорӯҳои дар таркибашон кислотаи алгиникдор бартараф мегардад. Бемории рефлюксивии меъда инчунин як қатор аломатҳои хатарнок низ дорад ва мутахассисон тавсия медиҳанд беморон ба ин аломатҳо таваҷҷӯҳи хосе зоҳир намоянд. Ба ин аломатҳо қайкунӣ, хунравӣ ва аз даст додани вазн дохил мегарданд. Табобати зардаҷӯшро бояд аз дигар кардани тарзи ҳаёт оғоз намуд. Қадами аввал ба андешаи мутахассисон, бемор бояд қисмати болоии рахти хобашро (қисмате, ки сарашро мегузорад) 15 см аз қисмати поёнӣ баланд бардорад, либоси танг напӯшад, вазни зиёд набардорад, сигокаширо тарк кунад, хӯроки шомро 2-3 соат қабл аз хоб истеъмол кунад ва баъди хӯрок  каме сайру гашт намояд. Зардаҷӯшро ҳам бо усули консервативӣ (доругӣ) ва ҳам бо усули ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Ҳангоми табобати дорӯгии рефлюкси меъда аз дорӯҳои зиддисекреторӣ истифода мекунанд. Усули ҷарроҳии табобати рефлюкси меъда бошад ба василаи эноскоп анҷом мегирад ва дар ҳолати номумкин ё натиҷа надодани табобати доругӣ амалӣ мегардад. Ҳамин тариқ зардаҷӯш, чун аломати асосии бемории рефлюкси меъда,  бисёр хатарнок мебошад ва беморони гирифтор ба он, барои муаян намудани бемории асосӣ бояд аз ташхиси ҳамаҷонибаи мутахассис гузаранд.

ФОТО

 

ВИДЕО