Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 900 93 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

АТЕРОСКЛЕРОЗИ РАГҲОИ МАҒЗИ САР

Атеросклерози рагҳои мағзи  сар бемории паҳнгашта буда, асосан пардаи дохилии рагҳои хунгарди мағзи сарро иллатдор мекунад. Дар гирди пилокҳои атеросклеротикӣ бофтаи пайвасткунанда бузург мегардад ва намаки калтсий дар девораҳои раг ҷамъ мешавад.

Ин дар навбати худ раги хунгардро танг карда, метавонад ба пурраги онро маҳкам кунад. Атерасклерози рагҳои мағзи сар бештар дар натиҷаи халалдор гаштани мубодилаи липидҳо ба вуҷуд меояд. Ғайр аз ин бемориҳои эндокринӣ, тамокукашӣ, асабонияти зиёд, хӯроки равғанин ва холестериндор ва тарзи ҳаёти камҳаракат  метавонанд  дар пайдоиши атерасклерози мағзи сар саҳм дошта бошанд.         Атеросклерози рагҳои мағзи сар рушди тадриҷӣ дорад ва нишонаҳои баъди гузаштани муддати тӯлонӣ ошкор мегарданд.

Аломатҳои асосии атеросклерози мағзи сар. 

Хун ба мағзи сар таввасути ду раги хоб, ки дар ду паҳлӯи гардан ҷойгиранд ва таввасути ду раги тахтапушт ворид мегардад. Атеросклерози ин шарёнҳо (рагҳо) таъмини мағзро бо хун халалдор мегардонад ва ҳамин тариқ кори мағзи сар низ халалдор мегардад. Ғайр аз ин рагҳои номбаршуда, атеросклероз метавонад дар рагҳои дохили косахонаи сар, ки бе восита бофтаҳои мағзро бо хун таъмин мекунанд ба вуҷуд ояд. Атеросклерози ин рагҳо дар бештари маврид метавонад ба сактаи мағзи сар (инсулт) ва хунравии дохили мағзӣ мунҷар гардад. Аввалин аломати атеросклерози рагҳои мағзи сар сардард мебошад, ки бо сабаби шахшавии хун дар рагҳо ё норасоии оксиген дар бофтаҳои мағзӣ пайдо мешавад. Ин навъ сардардҳо ҳангоми хастагии аз ҳад зиёд шиддат мегиранд ва оҳиста оҳиста метавонанд  хусусияти доимӣ пайдо кунанд. Ғайр аз дарди сар аломатҳои зерин низ метавонанд  нишонаи бемории мазкур бошанд: садо дар гӯш, сарчархзанӣ, калавидан ҳангоми роҳравӣ, сурхшавии рӯй, арақкунии рӯй ва халалдор гашатни хоб (инсон метавонад хобҳои бад бинад). Дар оғози беморӣ фаъолияти равонии мариз кам мегардад, диққаташ паст шуда, зуд хаста мегадад. Яке аз аломатҳои маъмул, халалдор гаштани ҳофиза, хусусан ба рӯйдодҳои начандон дур аст. Дар баробари ин одам рӯйдодҳои дуртарро бо ҳамаи ҷузъиёташон дар хотир дорад. Ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ хулқу хӯи инсон низ метавонад тағйир ёбад.

Ташхис ва табобати беморӣ.

Агар нафаре аломатҳои зикр гардидаро дар худ мушоҳида кунад, бояд ҳатман ба асабшинос муроҷиат кунад. Тибби муосир имрӯз дар ташхис ва табобати ин беморӣ ба комёбиҳои наззарасе ноил гардидааст. Имрӯз табибон барои ташхиси атеросклерози рагҳои мағзи сар аз усулҳои таҳқиқоти ултрасадоӣ васеъ истифода мебаранд. УЗИ -и рагҳои берунмағзӣ, УЗИ -и рагҳои мағзи сар ва ангиографияи рагҳои мағзи сар аз усулҳои муосири ташхиси атеросклерози мағзи сар маҳсуб меёбанд. Бо истифодаи ин усулҳо табибон, на танҳо ҳолати рагҳо, балки андозаи тангии рагҳо ва хусусиёти пилокҳои чарбигиро низ муаян мекунанд. Бояд қайд кард, ки ин усулҳои ташхис комилан безарар мебошанд. Агар бо УЗИ ташхиси беморӣ муяссар нагардад, он гоҳ ангиографияи рагҳои мағзи сар анҷом дода мешавад. Барои ин кор ба рагҳои хунгард моеъи махсусе ворид мекунанд ва дараҷаи иллатдоршавии девораҳои рагҳо ва паҳншавии бемориро муаян мекунанд. Ангиография рагҳо аз ҳама усули дақиқ ба шумор меравад, аммо онро дар шароити хос, танҳо ҳангоми зарурати истифодаи усули ҷарроҳӣ кор мегиранд. Аввалин қадам дар табобати бемории атеросклерози рагҳои мағзи сар, истифодаи ғизои муносиб ва тарзи ҳаёти дуруст ба шумор меравад. Барои беморони атеросклерози мағзи сар истеъмоли маҳсулоте, ки холестерини зиёд  доранд (аз қабили тухми мурғ, чарбиҳои ҳайвонӣ, гӯшти равғанин, шпрот, какао ва шоколод) қатъиян манъ аст.Вояи хӯрокии ин афрод бояд аз витамини С ва В2 бой бошад, чун ин витаминҳо монеъи пайдоиши пилокҳои холестеринӣ дар деворҳои рагҳои хунгард мегарданд. Инчунин истеъмоли доруҳои йоддорро бояд зиёд кунанд. Ногуфта намонда, ки чи навъ дорӯ ва миқдори истеъмоли онҳоро ҳатман бояд мутахассис муаян кунад. Инчунин ҳангоми табобати ин беморӣ дар қатори дорӯ, маризон метавонанд аз як қатор равишҳои суннатӣ низ истифода баранд. Барои мисол истеъмоли дулона (ё шарӣбати он), барги зуфи бузург, барги тути заминӣ, решаи қаҳзак ё турби куҳӣ (хрен), карами баҳрӣ, меллисо, сир ва пиёз дар табобати атерослерози мағзи сар фавоиди зиёд доранд. Дар табобати ин беморӣ, чораҳои пешгирикунанда низ аҳамияти вежа доранд. Ин чораҳо хело содда буда, ҳар инсон метавонад аз онҳо истифода намояд. Пеш аз ҳама риояи мафҳуми тарзи ҳаёти солим дар пешигрии ин беморӣ аз аҳамияти зиёд бархурдор аст. Мариз бояд аз истеъмоли сигор даст кашад ё лоақал теъдоди сигорҳои кашидаашро кам кунад, истеъмоли машруботи алкулӣ низ бояд кам карда шавад. Дар вояи хӯрокӣ аз ҳар навъ хӯрокҳои равғанин, бирён ва намакин парҳез намояд ва сабки зиндагиашро фаъол кунад. Ба вояи хӯроки изофа кардани нахуд (дар таркибаш миқдори зиёди витамини В2 дорад), ҷавзиёт, анҷир, мавиз, бодомҷон (миқдори холестеринро дар хун кам мекунад), биҳӣ, олуча ва тарбуз барои пешгирии атеросклерози рагҳои мағзи сар хеле муассир қарор мегиранд. Истеъмоли равғани офтобпараст низ, ки дар таркибаш оксидҳои чарбии ишбоънашуда дорад, барои пешгирӣ ва табобати атеросклерози рагҳои мағзи сар нақши муҳим дорад. Инчунин истеъмоли шарбати себи заминии хом (карошкаи хом) низ барои ба эътидол овардани ҳолати рагҳои хунгард муфид мебошад. Шарбатро бояд субҳгоҳ, як соат пеш аз хӯрок истеъмол намуд.

ФОТО

 

ВИДЕО