БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ҶАРРОҲИИ МАҒЗУ АЪСОБ ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!

Ҷарроҳии мағзу аъсоб дар Бемористони Ибни Сино, ба шакли як бахши алоҳида ба роҳ монда шудааст. Ин бахши бемористон, бахши нисбатан ҷадид буда, аз моҳи сентябри соли 2013 ба фаъолияти худ оғоз намуд.

Бо вуҷуди ин танҳо дар соли аввали фаъолияти он, дар ин бахш беш аз 100 амали ҷароҳии мағзу аъсоб, аз қабили ҷарроҳии чурраи байни мӯҳраҳои сутунмӯҳра, спондилолистез ё бартараф намудани беҷошавии мӯҳраҳо, спондилолиз - бартараф намудани ноустувории мӯҳраҳо бо василаи лавҳаи титан ва ғ. бо муввафақият анҷом дода шудааст. Ҷарроҳони ин бахш ҳамзамон бо ҷарроҳиҳои сутунмӯҳра, ба ҷарроҳиҳои аз байн бурдани омоси ҳароммағз ва омоси майнаи сар низ даст мезананд, ки дар ҷарроҳии муосир амалҳои бисёр нозуку нодиранд.

ФОТО

 

ВИДЕО