БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТАБОБАТИ МУОСИРИ САНГИ ГУРДА БО УСУЛИ "PCNL"

Тибқи оморҳои расмӣ имрӯз бемории санги гурда ва роҳҳои пешобгузар яке аз  мушкилоти доғ дар саросари ҷаҳон ба шумор меравад.  Аз ҷумла, ин масъала  дар Ҷумҳурии мо низ боиси нигаронист. Пайдошавии санг дар гурда ва роҳҳои пешобгузар аз ҷинсият вобастагии махсус надорад, яъне ҳам занон ва ҳам мардон яксон метавонанд мубтало ба ин беморӣ гарданд.

Сабабҳо: Ба андешаи мутахассисон сабабҳои пайдошавии санг дар гурда асосан ду навъанд:

 

- экзогенӣ (беруна), яъне вобаста  аз муҳит ва шароити зист, ҳарорати ҳаво ва таркиби маводҳои истеъмолии ҳаррӯза. 

- эндогенӣ (дохила), яъне вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва микроэлементҳо монанди Na, K, Mg, Ca, P, витаминхо ва минералхо дар дохили организм.

Инчунин нуқсонҳо(аномалия) дар инкишофи роҳҳои пешобгузар, бемориҳои ирсӣ ба монанди тубулопатияхо ва нефропатияхо метавонанд сабаби пайдошавии бемории санги гурда гарданд. Аломатхои асосии беморӣ: Бемории мазкур бо чанд аломат худро зоҳир мекунад, ки иборатанд аз; дардҳои кунди мавзеъи камар ё  халадарди гурдахо, халалдоршавии пешобгузаронӣ (дизурия),  омехташавии хун бо пешоб ҳангоми дард (макро ва микрогематурия), гоҳе авқот ҳароратбаландӣ (ҳангоми зам шудани микробҳо), нооромӣ, беҳолӣ, беиштиҳоӣ ва ғ.

Дар тибби муосир бемории санги гурдаро бо дору ва бо усули ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Табобати доругӣ ба василаи доруҳои литокинетики - санг дафъкунанда, ва литолитики - санг обкунанда амалӣ мегардад. Инчунин ҳангоми сангҳои хурди хосияти нарм дошта, аз усули сангшикании фосилавӣ-берунипӯстӣ истифода мекунанд. Аммо дар бештари маврид сангҳои гурда бо усули ҷарроҳӣ табобат мегарданд.  Имрӯз мутахассисон дар қатори ҷарроҳии боз, инчунин аз ҷарроҳиҳои инвазивии камзахм васеъ истифода мекунанд. Ин навъи ҷарроҳиҳо тавассути дастгоҳи эндоскоп амалӣ мегарданд.

Интихоби навъи табобат бошад баъд аз ташхисоти пурраи бемор сурат мегирад, ки вобастаги дорад аз микдори санг, андозаи санг, мавзеъи чойгир будаи санг ва ҳолати соматикии бемор. Яке аз муосиртарин усулҳои ҷарроҳӣ, ки камтарин осеб ба пуст ва бофтаҳо (ҳамаги бо андозаи на зиёдтар аз 1,0см) мерасонад ва мӯҳлати камтарини бистаришавии беморро(на зиёда аз 3-4руз) дар бар мегирад нефролитотомияи перкутанӣ ё зайли пустӣ PCNL ба шумор меравад. Бо ин усул ҳатто сангҳои бузург ҳам ба осонӣ дафъ карда мешаванд. Имрӯз аксарияти давлатҳои тараққикарда аз PCNL истифода мекунанд. Боиси хурсандист, ки дар кишвари мо низ  усули PCNL  роҳандозӣ гардидааст ва беморони зиёде тавассути он дар муддати кӯтоҳ аз санги гурда наҷот пайдо карданд. Дар бахши урологии Бемористони Ибни Сино усули PCNL аз соли 2009 мавриди истифода қарор дода шудааст ва мутахассисони бахши урологӣ  ҳамасола  наздики 400-500 беморонро тавассути ин усули муосир аз ин мушкилоти санги гурда раҳо месозад ва оиди табобат ва пешгирии минбаъдаи сангҳосилшавӣ чораҳои махсус меандешад.  

ФОТО

 

ВИДЕО