Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

НАҚШИ УЛТРАСАДО ДАР ТАШХИСИ ПИЕЛОНЕФРИТ

Пиелонефрити музмин дар сохтори ҳамаи бемориҳои сирояти-илтиҳобии гурда ҷои намоёнро ишғол мекунад ва миёни бемориҳои гурда, паҳншудатарин  беморӣ ба шумор меравад. Хатари ин беморӣ бо зиёд шудани синну сол бештар мегардад. Пиелонефрити музмин бо вуҷуди доштани раванди хуруҷкунанда, метавонад солҳо бе нишонаҳои хос ҷараён ёбад. Аз ин лиҳоз дақиқ ташхис додани беморӣ дар раванди табобаташ нақши вежа пайдо мекунад. Ба андешаи мутахассиси бахши ташхиси дастгоҳии Бемористони Ибни Сино, номзади илмҳои тибб  Меҳроҷ Ҳақназаров таҷҳизоти муосири тиббӣ имрӯз ба табибон ин имконро фароҳам намудааст, ки гурдаро дақиқ муъоина кунанд.

Дар ташхисоти муосири гурда бошад, ба гуфти доктор муъоинаи ултрасадо ҷои хоссеро ишғол мекунад. Ултрасадо дар ташхиси гурда безарар, қулай ва аз ҳамабештар муълумотдиҳанда буда, ворид кардани моеъи контрастиро наметалабад.  Яке аз ҷиҳатҳои мусбии ултрасадо таъсири зараровар надоштанаш аст, аз ин сабаб ин усулро бе маҳдудият истифода бурдан мумкин аст. Бо ултрасадо инчунин раванди табобатро метавон назорат кард. 

Дар бисёр ҳолатҳо ултрасадо усули ошкоркунӣ аст, аз ин рӯ зарурати гузаронидани ташхисҳои мураккабу  гаронқиммат аз миён меравад. Ултрасадо имконият медиҳад, ки бемориҳои ҳамрадиф мисли уролитиаз, рефлюкси масона-ҳолиб, масонаи нейрогенӣ, поликистози гурдаҳо, уропатияи обструктивӣ ва ғ., ки сабаби рушди пиелонефрити музмин мегарданд, муян карда шаванд. Дар беморони мубтало ба пиелонефрити музмин, ҳангоми гузаронидани ултрасадо чунин нишонаҳои сонографиро дидан мумкин аст: васеъшавии системи ҷамъоваранда, дағал шудани канораҳои ҷомчаҳо, гуногунтаркибии паренхима бо мавзеъҳои захмӣ, ташавуҳи канораҳои гурда, хурдшавии андозаҳои гурда ва борикшавии паренхима (хусусан дар бемороне, ки муддати тӯлонӣ мубталои пиелонефрити музмин ҳастанд).

     Яке аз нишонаҳои махсуси пиелонефрити музмин, баланшавии таркиби эхогении паренхима ба шумор меравад. Ҳамин тариқ агар ташхиси ултрасадо моҳирона ва бо баҳодиҳии миқдори ҳаддиаксари нишондиҳандаҳои сонографӣ гузаронида шавад, метавонад  василаи хубе барои ташхиси саривақтии пиелонефрити музмин гардида, беморро аз гузаштани ташхисҳои дигар раҳои бахшад. Ба андешаи мутахассисон, дар баъзе мавридҳо ултрасадо, ҳатто дараҷа ва паҳншавии бофтаҳои тағйирёфтаро дар пиелонефрит нишон медиҳад. 

ФОТО

 

ВИДЕО