Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ДОКТОР АҲМАДАЛИИ ФИРДАВСӢ ДАР БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО

Ба самъӣ азизон мерасонем, ки дар санаи 15 марти соли 2018 чашмпизишки маъруфи эронӣ, доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ дар Бемористони Ибни Сино ба ташхис ва табобати беморон шурӯ мекунад.

Аҳмадалии Фирдавсӣ яке аз беҳтарини мутахассисони эронӣ дар соҳаи бемориҳои чашм ба шумор меравад ва берун аз Эрон низ шӯҳрати зиёд дорад. Мутахассиси варзида, бо истифода аз таҷҳизоти муосири бемористон, аз беморон ташхиси дақиқи озмоишгоҳиву компютерӣ гирифта, ҷарроҳиҳои мураккаб ва нодиру нозуки чашмро низ амалӣ мекунад. Ҷарроҳиҳо бо усулҳои муосир амалӣ мегарданд ва баъзеашон монанди Докриотсисториностомия (DCR) - ҷарроҳии илтиҳоби роҳчаи ашкӣ ва нуқтаҳои ашкӣ, дар кишвари мо бисёр нодир маҳсуб меёбанд. Доктор Фирдавсӣ инчунин ҷарроҳии бемории катарктаро (оби марворид) бо усули факоэмулсификатсия, ба василаи ултрасадо анҷом медиҳад. Ин ҷарроҳи бо истифода аз таҷҳизоти махсус, ҳамагӣ 15 дақиқа тӯл мекашад. Табиби варзида катарактаи модарзодии кӯдакон ва катарактаи диабетикиро низ бо усули мазкур ҷарроҳӣ мекунад. Аммо аз ҳама бештар ба доктори пуртаҷриба, бо ташхиси олусии кӯдакон муроҷиат мекунанд. Олуси имрӯз яке аз бемориҳои паҳнгашта, хусусан миёни кӯдакон ба шумор меравад ва ба як мушкили иҷтимоӣ мубаддал гардидааст. Ҷарроҳии бартараф кардани олусӣ бо чанд усул анҷом дода мешавад ва интихоби ин ё он усул аз мушаки иллатёфтаи чашм вобастагӣ дорад. Ин ҷарроҳӣ аз 30 то 50 дақиқа тӯл мекашад. Инчунин мутахассиси эронӣ ҷарроҳии синустрабекулоэктомия (глаукома) - ҷарроҳии бартараф кардани фишори чашмро низ бо маҳорати баланд анҷом медиҳад. Дар баробари ин доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ дар гузаронидани ҷарроҳиҳои плостикии чашм низ таҷриба ва маҳорати зиёд дорад. Яке аз чунин ҷарроҳиҳо блефоропластика  - (ҷарроҳие, ки ҳангоми ПТОЗ ё иллатдор шудани пилкҳои чашм гузаронида мешавад) ба шумор меравад ва табиби эронӣ ин ҷарроҳиро дар сатҳи бисёр воло анҷом медиҳад. 

Барои дарёфти маълумоти бештар Шумо метавонед бо телефонҳои: 

(+992 44) 640 01 02, (+992 44) 640 01 03 тамос гиред.   

ФОТО

 

ВИДЕО