БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ҶАРРОҲИИ МУОСИРИ ТАНГИИ СУТУНМӮҲРА (Spinal Stenosis)

Ба андешаи мутахассисон тангии сутунмӯҳра бемории бисёр паҳнгаштата ба шумор меравад. Мутахассиси бахши ҷарроҳии аъсоби Бемористони Ибни Сино Парвиз Иброҳимов мегӯяд, ки миёни бемориҳои сутунмӯҳра, тангии сутунмӯра ҷои аввалро ишғол мекунад. Тангии сутунмӯра маъмулан миёни афроди 45-50 сола бештар ба назар мерасад.

Сабабҳои асосии беморӣ ба андешаи доктор Иброҳимов, кори зиёди ҷисмонӣ ва ноустувории мӯҳраҳои сутунмӯҳра, ки бо иллати бемориҳои Спондилозис (Spondylosis) ва Спондилолистезис (Spondylolisthesis)  ба вуқӯъ мепайвандад, ба шумор мераванд. Инчунин як қатор иллатҳои дигар монанди чурраҳои зиёди мӯҳраҳо (Multilevel disk Bulging), варамкунии фитсетҳои мӯҳраҳо (Hypertrogy gecet jynetion), варам ё ғафсшавии лигаменти зард дар мӯҳраҳо (Hypertrogy ligamentum glavum)  ба тангии сутунмӯҳра мунҷар мегарданд. Бемории мазкур ба андешаи мутахассис бештар дар ноҳияи камар ва гардан буруз мекунад. Агар тангии сутунмӯҳра дар ноҳияи камар бошад, маризон беҳиссӣ ва беқувватиро дар як ё ҳар ду пой ҳис мекунанд. Роҳрафтанашон мушкил мегардад ва пойҳояшон маъмулан лоғар мешаванд. Агар ин маризон тангии сутунмӯҳрааашонро табобат накунанд баъди 4-5 сол роҳгаштанашон сахт мушкил мегардад. Агар ноҳия тангии сутунмӯра дар ноҳияи гардан бошад, мариз бештар дарди решагиро дар  дастони худ эҳсос мекунад. Тангиит сутунмӯҳра дар ноҳияи гардан метавонад ба миелопатӣ (нимфалаҷии дасту пойҳо) оварда расонад.

Хушбахтона пизишкон имрӯз усулҳои ҷадиди ҷарроҳии тангии сутунмӯҳраро роҳандозӣ кардаанд. Яке аз чунин усулҳо Decompressin spinfl cord  ё озодкунии фазои ҳаромағз ва решаҳои асабӣ ном дорад. Усули мазкун инвазивӣ буда, беморон баъди як рӯзи ҷарроҳӣ аллакай роҳ мераванд. Дар шӯъбаи ҷарроҳии аъсоби Бемористони Ибни Сино аз ин усули муосир ба хубӣ истифода мебаранд. Табиби ҷавон Парвиз Иброҳимов чанд ҷарроҳии  Decompressin spinfl cord - ро бо муваффақият анҷом дод ва нафарони ҷарроҳишуда, пурра аз ин бемории хатарнок наҷот ёфтанд.

ФОТО

 

ВИДЕО