Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ГУРДАИ ИНСОН ЧАРО САНГ ПАЙДО МЕКУНАД?

Мудири бахши урологии

Бемористони Ибни Сино,

урологи дараҷаи олӣ 

Аминов Мубин Муҳиддинович.

 

Ба таваҷҷуҳи муштариён мерасонем, ки пас аз бемориҳои уфунии роҳҳои пешоб (инфекция мочевыводящих путей) ва бемориҳои мухталифи простат, сангҳои дастгоҳи пешобӣ - сеюмин бемории маъмули урологӣ ҳастанд. Истилоҳоти марбут ба бемориҳои сангҳои пешобӣ аз манобеъи гуногун интихоб шудаанд.

Барои мисол “сангҳои стровитӣ”, ки аз магнезиюм фосфат ҳегзогидрат ташкил шудаанд, ба эҳтироми Von Struve, табиатшиноси рустабор, ба ин исм хонда мешавад . Санги калсиюм оксалат дигидрат, аз номи дарёи Вадил гирифта шуда, “вадилит” хонда мешавад, зеро ин санг дар кафи дарёи Вадил фаровон дида мешавад

Сангҳои пешобӣ аз замони аввали пайдоиши инсоният, барои инсон заҳматсоз будаанд. Савол ба миён меояд ки агар таркиби пешоб дар ҳарду гурда ба ҳам монанд аст, пас чаро сангҳо дар як гурда пайдо мешаванд? Ё чаро дар бархе афрод як санги бузург ва дар баъзеи дигар сангҳои зиёд ва гуногунандоза ба вуҷуд меояд? Ё ин ки чаро ҳама сангҳои хурд дар марҳилаи аввал худ ба худ, бидуни эҷоди мушкилӣ аз тариқи ҳолиб дафъ намешаванд?

Фарзияҳои фаровоне дар мавриди ин саволҳо матраҳ шудааст. Пешрафти равишҳои ҷарроҳии сангҳои пешобӣ дониши моро дар бораи сабаби пайдошавии онҳо афзоиш додааст. Арзёбии метаболикии дақиқ дар рафти дармони тиббии муносиб ва тағйири шеваи зиндагӣ барои коҳиши пайдоиши сангҳои пешобӣ аҳаммияти хело зиёд дорад. Пажӯҳишгарон талош мекунанд, то аз раванди ин беморӣ омилҳои пайдоиши сангро пайдо карда, пешгириҳои коромадтаре эҷод кунанд.

Мувофиқи яке аз назарияҳо пайдоиши санги роҳҳои пешоб дар натиҷаи таҳшиншавӣ ба амал меояд. Дар тамоми дастгоҳҳои ҳаётии инсон, таҳшиншавии маводи маъданӣ ба тариқи мушобеҳ сурат мегирад. Дар ин раванд меъёри кристалҳо ва намакҳо ба таҳшиншавии якдигар дахолат мекунанд. Раванди пайдоиши сангҳои пешобӣ низ ҳамин гуна сурат мегирад. Ин сангҳо ҷамъшавии чанд кристале ҳастанд, ки аз намудҳои гуногун ташкил шудаанд. Назарияҳое, ки бемории сангҳои пешобиро шарҳ медиҳанд ҳануз комил нестанд.

Тибқи назарияи дигар, барои ташкили санг, ғализии пешоб бояд боло бошад. Ғализии беш аз ҳад, ба рН-и пешоб, қудрати ионии он ва сохтори пешоб бастагӣ дорад. Таркиби пешоб мумкин аст дар ҳолатҳои физиологии мухталиф тағйироти қобили мулоҳиза пайдо кунад. Масалан пешоби субҳ нисбатан асидӣ(кислотаӣ) аст, вале пас аз сарфи маводи ғизоӣ ишқоритар(шелочная) мешавад. Омилҳои дигаре вуҷуд доранд, ки аҳаммияти зиёде дар ташкили сангҳои пешобӣ доранд. Яке аз онҳо эҷоди комплексӣ(якҷояшавӣ) аст. Эҷоди комплексӣ(якҷояшавӣ) дар мизони якҷояшавӣ ба ионҳо таъсири хос мегузорад. Барои мисол, содиюм(натрий) бо оксалат ташкили комплексӣ(якҷояшавӣ) дода, аз сабаби ғализӣ сохтори ионӣ ва озодии онро коҳиш медиҳад. Тибқи эҷоди ин назария, ҳастаи сангҳои пешобӣ аз кристалҳо ё намакҳо, ки дар пешоби консентратсияш боло зиёд ҳастанд маншаъ мегиранд. Баъзе аз мутахассисон ба ин далелҳо нигоҳ накарда, ин назарияро зери савол мебаранд. Сангҳо на ҳамеша дар афроде,ки маводро беш аз ҳад дафъ мекунанд, ё дар маърази хатари дегидрататсион(камобии бадан) қарор доранд ташкил мешавад. Ба илова, намунаи пешоби 24-соатаи бисёр афроде, ки дучори бемории санги пешоб мешаванд аз назари ғализии ионӣ комилан табиӣ аст. Ин нишон медиҳад, ки ин назария арзиши мутлақ надорад, чунки бисёр афроде ки набудани чунин маҳоркунандаҳо дар онҳо ба назар мерасад, мумкин аст ҳеҷ гоҳ дучори пайдоиши санг дар роҳҳои пешоб нашаванд. Баръакс, афроде ки ҳаҷми зиёди маҳоркунандаҳоро доранд, ба ин беморӣ мубтало мешаванд. Сангҳои пешобӣ дар ибтидо аз як ҷузъи кристалӣ пайдо мешаванд.Ташкили кристал аз марҳилаҳои эҷоди ҳастаӣ ва рушди кристалҳо иборат аст. Ба кадом сабаб дафъ нашудани кристалҳо аз қисмати болоии дастгоҳи пешобӣ ҳоло ҳам мушаххас нашудааст. Бар асоси ин теория, таҳшиншавии анбӯҳи кристалҳо, ё ташкили санг дар дохили нефронҳо, боиси баста (обтуратсия) шудани тубулаҳои дистол, ё маҷрои ҷамъкунанда, ё ҳардуи онҳо шуда, дар натиҷа барои рушди сангҳо муҳити муносиб эҷод мекунад.

Аз ин хотир, дар асоси теорияҳое ки дар боло дарҷ шуданд, хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки то ҳол сабаби пайдошавии сангҳои пешобӣ дақиқ нашуда аст ва то ба имрӯз комилан мушаххас нест, ки чаро гурдаи инсон санг пайдо мекунад.Танҳо метавон гуфт ки онҳое ки як бор дар гурда ва ё дар системаи пешобӣ санг пайдо мекунанд, эҳтимолияти дуюмбора сангпайдокуниро доранд. Зеро ки организми онҳо “сангсоз” аст. Аз ин хотир ин нафаронро зарур аст, ки дар давоми сол як ё ду маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва аз ҷиҳати метаболикӣ баррасӣ шаванд. Бидуни иқдомоти пешгирӣкунанда, 50 дарсади беморон дучори сангҳои бозпайдошуда мешаванд. Беҳтарин замони  муносиби омӯзиши иқдомоти пешгирикунанда, вақти убури худ ба худи санг, ё хориҷ намудани санг тавассути амали ҷарроҳӣ аст. Зеро бадани бемор маҳз дар ҳамин замон бисёр ҷавобдиҳанда(ангезанда) аст. Пизишкон дар ҳамин марҳила натиҷаи ташхиси сонографӣ, озмоишҳои пешоб ва хуни муштариро баррасӣ карда, тавсияҳои заруриро аз қабили масрафи дору, тағйири муҳити зист, парҳез ва ғайра медиҳанд. Ногуфта намонад, ки мо амали гирифтани санги роҳҳои пешобро дар Бемористони Ибни Сино ба тариқи камзахм(инвазивӣ) анҷом медиҳем.

Сарфи назар аз ин, мутахассисон тавсия медиҳанд ки  мизони масрафи моеъ барои шахси болиғ ҳудуди 3-литр ва кӯдакон мувофиқи вазнашон - 50мл ба ҳар кило дар 24-соат аст. Ҳамчунин, бемор бояд пеш аз хоб қадре об ё моеъи дигар қабул намояд , ки боиси диурез (пешобсозӣ)-и шабонаи гурдаҳо шавад.

ФОТО

 

ВИДЕО