Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ҲЕПОТИТ: ИЛТИҲОБ ВА ВАРАМИ ҶИГАР

Мутахассиси бахши гастроэнтерологии 

Бемористони Ибни Сино, 

доктор Қосимов Маҳмадсабур

 

Ҳепотит  илтиҳоб  ва варами ҷигар мебошад,  ки  ба он зардпарвин низ мегӯянд. Муҳимтарин сабаби пайдоиши ин беморӣ вирусҳо мебошанд.

Вирусҳо мавҷудоти хеле хурдеанд ,ки бо чашми оддӣ дида намешаванд ва барои дидани онҳо ниёз ба таҷҳизотҳои пешрафта, аз ҷумла микроскопи электронӣ лозим аст. Вирусҳо ҳангоми ворид шудан ба организми одам ба таври хеле зуд дар муддати чанд соат инкишоф меёбанд. Дар илми тибб имрӯз шаш навъи вирусҳои ҳепотит шинохта шудаанд: А; В; С;D;E;G;

Барои мисол вируси ҳепотити "В" дар даҳаи 60 уми қарни ХХ ва вируси ҳепотити "А" дар соли 1973  ба дурусти шинохта шуданд.  Вале муамои вируси севум то муддатҳо ҳал нашуда буд ва танҳо соли 1989  вируси ҳепотит "С" низ ошкор карда шуд.  Аксари беморони гирифтори  ҳепотити  вирусӣ,  аломати далолаткунандае  надоранд. Ва бемории онҳо  бо озмоишҳои маъмулӣ мушахас мешаванд. Дар баъзе беморон  аломати шадиди  беморӣ вуҷуд дорад. Аломатҳои ҳепотит ба монанди, сармохурдагӣ, ГРИПП, беиштиҳоӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, хиррашави ранги пешоб  ва камрангшавии ранги мадфу ва зардии шадид мебошанд. Ин аломатҳо хоси як навъи ҳепотит набуда,  дар ҳамаи намудҳо беморӣ дида мешавад. Дар 95%  ҳолатҳо  бемории  шадиди ҳепотит ва аломатҳои он ба таври худ ба худӣ дар давоми 4-6 ҳафта бартараф гашта, вирус аз бадан нест мегардад.  Агар беморӣ ва аломатҳои он, камтар аз шаш моҳ тӯл кашад ба он ҳепотити шадид ва агр муддати беморӣ аз шаш моҳ бештар бошад ба он, ҳепотити   музмин(хронический) мегӯянд.           

Имрӯз аз миёни вирусҳои шиносоишудаи ҳепотит, вирусхои ҳепотити  "В" ва "С" асоси  бемории музмини ҷигарро ташкил медиҳанд ва аз ин сабаб ба онҳо бояд таваҷҷӯҳи бештаре зоҳир кард. Вируси ҳепотити "С" як вирус аз гурӯҳи  фловидвирусҳо ба шумор меравад, ки андозаш ҳудуди 50 то 60 нанаометр мебошад. Вируси ҳепатити "С" ба ҳуҷайраҳои ҷигар осеб мерасонад  Аввалин бор ин вирус  соли 1989 тавассути Михаил Хиютон ва ҳамкоронаш, бо истифода аз равшҳои ҷадиди биологияи молекулӣ ошкор карда шуд. Ин вирус ба воситаи тамос бо хуни олуда, интиқол мегардад.

Дар ҳоли ҳозир бар асоси  тавзеъи ҷуғрофӣ, дар манотиқи Ховари миёна ва Осиёи марказӣ, метавон ба нақшаи генотипҳои мутааддиди ин вирус пай бурд. Ошкор кардани навъи генотипи вирус, метавонад  дар пешгӯии мизони посух ба дармон, чигунагии дармон ва ҳатто муддати дармон ва навъи доруҳо таьсиргузор бошад.  Шоеътарин генотипхо дар Тоҷикистон, генатипи  1а , 1b, ва 3a мебошад. Сироятёбӣ  бо вируси  ҳепотити "С"  имрӯз як мушкили муҳими беҳдоштӣ дар саросари ҷахон ба шумор меравад.. Имрӯз ин беморӣ ба унвони як мушкил  ёд мешавад, вале  агар иқдомоти лозими дар пешгири ва контроли он сурат нагирад, дар оянда  метавонад ба як фоҷиа табдил ёбад. Ба таври тақрибӣ тахмин зада мешавад, ки  200 млн. нафар дар ҷаҳон  гирифтори ҳепотити "С" ҳастанд.  Вируси гепатити "С" дар муҳити хориҷ аз бадан ва дар хуни хушкшуда низ то 3 моҳ зинда мемонад, вале бо ҷӯшонидан дар 100 дараҷа, дар давоми 5 дақиқа аз байн меравад. Хатари интиқоли вирус аз шахси бемор ба аъзоёни дигари хонавода бисер  кам аст, бояд таваҷҷӯҳ дошт,  ки  ҷудосозии  васоили зиндагӣ  мисли қошуқ ва табақ зарури нест, вале ҷудосозии васоили шахси, мисли мисвок, риштарошак,  нохунгирак,  шонаи маҳсгар ва дастмол зарурист. Яке аз ҳаводиси  муҳими зиндагии ҳар фард издивоҷ аст. Ва муҳимтарин орзӯи падару модар низ издивоҷи фарзанд мебошад. Издивоҷ ва ташкили хонавода барои мубталоён ба ҳепотити "С" монеа нест . Мавҷудияти вируси ҳепотити "С" дар моеъи манӣ ва тарашуҳоти махбал ба маънои интиқоли сад дар сади он нест. Хатари интиқоли ҳепотити "С" дар зиндагии  занушӯии солим бисёр ночиз аст. Хатари интиқоли ҳепатити "С" аз модари бордор  ба ҷанин низ хеле кам иттифоқ меуфтад. Мизони хатари интқиоли вирус ба навзодон хангоми таваллуд катар аз 5% (1-3%) аст. Хушбахтона, манъе ҷихати ширдиҳии модар  ба навзод вуҷуд надорад. Танҳо бояд таваҷҷӯҳ  дошт, ки ҳангоми захмӣ шудани пистони модар хатари интиқол вуҷуд дорад. Асбобҳое, ки дар тибб ва барои сӯрох кардани гӯш , тиби сӯзани ва ё дандонпизишкӣ ба кор мераванд, метавонад ба вируси гепатити "С"  олуда шуда, шахси солимро олуда кунанд.

ФОТО

 

ВИДЕО