Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ДАРД ДАР ҚИСМАТИ ГАРДАН

Қисмати гардан аз ҳама қисмати серҳаракат дар сутунмӯҳра ба шумор меравад. Дар тӯли рӯз қисмати гардан наздики 1000 ҳаракати давразананда мекунад ва ин қисмати гарданро дар баробари бемориҳои гуногун осебпазир мегардонад. Аз ҳама бештар дарди гардан бо сабаби остеохондроз ё остеоартрози қисмати гардани сутунмӯҳра ё аз ҳад зиёд тарангкунии мушакҳои гардан ба вуқӯъ мепайвандад.

Аз ҷой беҷошавии муҳраҳои гарданӣ метавонад ба нақзи (фишордиҳии) асабҳо ва рагҳое, ки мағзи сарро бо хун таъмин мекунанд мунҷар гардад. Дар натиҷа инсон гирфтори дарди сар, сарчархзанӣ, садо дар гӯшҳо ва ғ мегардад. Остеохондрози гарданӣ яке аз шаклҳои бисёр вахими остеохандроз мебошад, чаро ки метавонад  аломатҳои дар назари аввал ба ин беморӣ ҳеҷ алоқа надоштаро ба бор орад. Дар ин ҳолат дард метавонад на фақат дар қисмати гардан, балки дар қисмати байнишонаҳо низ пайдо шавад. Ин навъи дардҳо ҳамеша ҳангоми ҳаракат буруз мекунанд ва бисёр сахту озордиҳанда мебошанд. Ба андешаи мутахассисон омилҳои зерин аз қабили: кори зиёди ҷисмонӣ, ҷароҳатҳои буғумҳои байнисутунмӯҳра, мӯҳраҳо, пайҳо ва мушакҳо, сармохурдагӣ, нишастани зиёд назди компютер, телевизор ё чамбараки автомобил ва  рахти хоби нороҳат, метавонанд дарди гарданро таҳрик диҳанд.

Инчунин дард дар қисмати гардан ва байнишонаҳо метавонанд аломати бемориҳои гуногуни дигар бошанд. Барои мисол сактаи миокорд, илтиҳоби шуш, пневмоторакс, осми бронхитӣ, плеврит, сил ва омосҳои гуногун  низ дарди гарданро ба бор меоранд. Дарди гардан инчунин ҳангоми бемориҳои роҳҳои нафаскашии болоии (дарди гулӯ, фарингит, тонзилит, ной) ва ҳангоми бемориҳои ғадуди сипаришакл низ метавонад вохӯрад. Ҳангоми отит дард дар қисмати гардан хусусиёти яктарафа дорад. Дар кӯдакон бисёр вақт каҷгардании шадид вомехӯрад. Ҳангоми дардҳо дар қисмати гардан, гузоштани ташхиси дуруст кафолати табобати саҳеҳ ва саривақтӣ ба шумор меравад. Мутахассисон мегӯянд, ки хомӯш кардани аломатҳои дардӣ ба василаи марҳамҳо, дорӯҳои дардтаскиндиҳанда ва ғ. танҳо сабукӣ ва оромиши муваққат меорад, аммо худи бемориро бартараф намекунад. Вазифаи асосии мутахассисон пайдо кардани сабаби аслии беморирӣ ва табобати он ба шумор меравад. Чаро, ки дар дард дар қисмати гардан дар бисёр маврид танҳо аломати ин ё он беморӣ буда, худи мушкилот дар ҷои дигар пинҳон гардидааст. 

ФОТО

 

ВИДЕО