БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БАХШИ КАРДИОҶАРРОҲӢ

Бахши кардиоҷарроҳии Бемористони Ибни Сино  яке аз се бахшҳоест, ки баробари ифтитоҳи бемористон роҳандозӣ шуда буд. Бахши кардиоҷарроҳӣ дар ошёнаи чоруми бемористон ҷойгир буда, доктор Хайрулло Исомиддинов мудирияти онро ба ӯҳда дорад.

Бахши кардиоҷарроҳӣ аз ду қисм- ҳуҷраи амал ва ҳуҷраи эҳё иборат ёфтааст. Ҳуҷраи  амали бо навтарин дастгоҳ ва васоил аз қабили:

-дастгоҳи беҳушӣ;

- тахт ва ломпи махсус;

- дастгоҳи гардиши сунъии хун;

- баллони нафасдиҳӣ муҷаҳҳаз аст.

Дар ин ҳуҷра мураккабтарин  амалҳои дил аз қабили:

- шунтгузории коронарӣ;

- ивази даричаҳо;

- рафъи нуқсонҳои дил;     

- бастани сӯрохӣҳо;   

- бардоштани омосҳо ва ғ. бо истифода аз усулҳои навтарин анҷом дода мешаванд. Нархномаи бахши кардиоҷарроҳиро бошад,метавонед аз ин нишонӣ пайдо кунед: https://www.ibnisino.tj/tg/narkhnoma/dushanbe/677-jarrokhii-dil.html

ФОТО

 

ВИДЕО