Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ТАЪСИРИ КАМБУДИ ҒИЗО БАР ПУСТ

Пусти инсон бофтаи зинда аст ва барои идомаи ҳаёташ ниёз ба ғизо ва ҳамчунин оксижен дорад. Пуст маводи ғизоии лозимро аз тариқи уруқи рез, ки дар ноҳияи дермӣ пуст қарор доранд, дарёфт мекунад.

Табодули гозҳои хунӣ, аз қабили О2 ва СО2 низ дар дохили ҳамин уруқ сурат мегирад. Қисмати ипедриюми пуст, холӣ аз уруқӣ хунӣ аст ва маводи лозимиро аз тариқи интишор аз уруқи дерм дарёфт мекунад. Ғизое, ки мо мехурем пас аз ҳазм ва ҷазб дар дастгоҳи гувориш ва пас аз таҷзия ва таркибҳои мухталиф, ки бар он дар қисматҳои гуногуни бадан, ба вежа ҷигар анҷом мегирад, аз тариқи гардиши хун ба пуст мерасад ва пуст маводи лозимаи худро аз он бар медорад. 

Маҳз ба ҳамин хотир ҳар нуқсоне, ки дар ин низоми ғизорасонӣ вуҷуд дошта бошад, хоҳу нохоҳ бар руи пусти бадан таъсир мегузорад ва онро аз ҳолати табиъи хориҷ мекунад. Ба иборати дигар метавонем бигӯем, ки камбуди маводди ғизоӣ хоҳ ба иллати фақри ғизоӣ ва камбуди маводдӣ хӯрокӣ ва хоҳ ба иллати вуҷуди бемориҳои мухталиф, ки боиси халалдоргаштани ҳазм ё ҷазби ғизо мешаванд ба таври мустақим ба саломатии бадан ва аз ҷумла пуст таъсир мегузоранд. 

Аз онҷо, ки пуст узвест, ки ҳамеша дар дастрас ва ба роҳатӣ қобили муъоина аст, вуҷуди тағйироти пустӣ метавонад роҳҳои хубе барои ташхиси халалдоргаштани тағзия ва аворизи он башад. Дар инҷо мекӯшем ба таври мухтасар, алоими пустии ҳосил аз халалдоргаштани тағзияро номбар кунем.   

Дар тавсифҳое, ки аз пусти инсон дар замонҳои қаҳтӣ (ба иллати хушксолӣ ва ҷанг) шудааст, вежагиҳои ғайритабии гуногуне зикр гардидаанд. Аз об шудани чарбии зерипустӣ гирфита, то аз байн рафтани тудаи азлонӣ, ки боиси берун задани усухонҳо мешавад ва тағйироти мухталифи дигар. Ингуна пуст ба наҳве рангпарида мегардад, ки онро наметавон фақат бо камхунӣ тавҷеҳ дод ва он иллати дигаре дорад. Дар натиҷаи норасоии маводи ғизои пуст хушк, бисёр нозук ва шикананда шуда, ҳолати табии худро аз даст медиҳад. Ҳамин тағйирот дар афроде, ки дучори бемориҳои нотавонкунандаи тӯлонӣ ва ё дучори беиштиҳоӣ мешаванд низ мушоҳида мегардад.  Дар афроде, ки дучори халал дар тағзияашон гардидаанд, дар маҳали баромадани решаи мӯ, донаҳои хурди суфт ва барҷастае бар рӯи пӯсташон ба вуҷуд меоянд. Тағйири ранги пуст низ аз дигар аломатҳои халал дар тағзия аст. Чуноне, ки гуфтем ҳангоми халали шадид дар тағзия, пуст рангпарида мешавад ва дар навоҳии хос, пуст ба ранги қаҳваӣ низ дар меояд.

Бинобар ин доштани тағзияи солим ва кофӣ барои ҳифзи тароват ва шодобии пуст амри зарурӣ буда, ҳар гуна нуқсоне дар маводи ғизоии мавриди ниёз, боиси хароб шудани пуст мегардад.     

Ба андешаи мутахассисон агар инсон анвои ғизоҳоро дар ҳадди муътадил масраф кунад ва бемории хосе надошта бошад, дучори фақри тағзия нахоҳад шуд. Албатта ин масъала дар мавриди кудакон, навҷавонон, занони бордор ва ширдеҳ каме фарқ мекунад. Би ин афрод лозим аст нисбат ба тағзияаашон, хусусан дар мавриди маводи протеинӣ ва витоминҳо диққати бештар диҳанд. Ин амр, ки бадани мо ба чанд кило калории энержӣ дар рӯз ниёз дорад, ба андешаи мутахассисон аз мизони фаъолияте, ки ҳар кас анҷом медиҳад вобастагӣ дорад. Ба таври маъмул барои як хонуми корманд ё донишҷӯ, ки фаъолияти сангин надорад рӯзона ҳудуди 2200 кило каллорӣ кофӣ мебошад. Барои як марди корманд ва ё донишҷӯ низ рӯзона 2800 кило колорӣ кифоят мекунад. Албатта ин миқдор бо афзоиши фаъолият боло меравад. Ба тавре, ки масалан як оҳангари қавиҳайкал, ки рӯзи дароз бо путк кор мекунад ҳатто ба 5000 кило колори дар рӯз ниёз дорад. Ҳамчунин  хонумҳо дар замони бордорӣ, ширдиҳӣ ва ҷавонон дар синни рушд, ниёз ба мизони бештари энержӣ доранд. Дар маҷмӯъ хонумҳои бордор бояд ҳудуди 300 кило колорӣ ва хонумҳои ширдеҳ ҳудуди 500 кило колорӣ ба энержии рӯзонаашон изофа кунанд. 

Ба таври куллӣ энержии ғизоии бадани мо аз се навъ модда таъмин мешавад:

1) маводи қандӣ, ки ҳар громи он, ҳудуди 4 кило колорӣ энержӣ тавлид мекунад;

2) чарбиҳо, ки ҳар грамми онҳо 9 кило колорӣ энержӣ тавлид мекунад;   

3) протеинҳо, ки ҳар грамми онҳо низ ҳудуди 9 кило колори энержӣ меофарад. 

Маводи дигар, мисли витоминҳо ва ё оҳан, ҳарчанд барои анҷоми вокунишҳои шимиёӣ зарурианд, аммо энержӣ тавлид намекунанд. Барои ин, ки шумо бидонед як моддаи ғизоӣ чи миқдор энержӣ тавлид мекунад, бояд мизони қанд, чарбӣ ва протеинӣ онро бидонед.         

Дар як режими ғизоии мутаъодил бояд аз 10 то 15 % энержӣ аз протеинҳо, 50 то 60 % аз маводи қандӣ ва аз 25 то 35 % аз чарбиҳо таъмин шаванд. Албатта ин мизон метавонад дар шароити хосе тағйир кунад. Маводи ғизоии дигар мисли витоминҳо, намакҳои маъданӣ, оҳан ва ғизоҳои суддабанд низ дар режими ғизоӣ ба андозаи кофӣ вуҷуд дошта бошанд. Дар мавриди мизони дақиқи ниёзи бадан ба ин мавод, миёни мутахассисон ихтилофи назар вуҷуд  дорад, аммо бар асоси тависяи созмони назорати маводи ғизоии ИМА (F.D.A.) мизони маводи ниёзи рӯзона бояд ингуна бошад: 

чарбӣ - 65 грам;

холестерин - 300 миллиграм;                                 

маводи қандӣ - 300 грам;

протеин - 50 грам;       

маводи фибрӣ - 25 грам; 

витомини А - 5000 воҳиди байналмиллалӣ;

витомини В 6 - 2 миллиграм;

витомини В 12 - 6 миллиграм;

витамини С - 60 миллиграм;

витомини Е - 400 воҳиди байналмиллалӣ;

ФОТО

 

ВИДЕО