Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

МЕНИНГИТ - ХАТАР БАРОИ САЛОМАТӢ!

Пизишки умумии

Бемористони Ибни Сино,

доктор Дилором Ахмедова.

  

Менингит ҷараёни илтиҳоби дар пардаҳои майна буда, табибон ин бемориро бисёр хатарнок унвон мекунанд. Ба андешаи мутахассисон, агар менингит сари вақт табобат нашавад, метавонад инсонро ба маъюбӣ ва ҳатто ба марг мубтало гардонад.

Менигит бештар барои кӯдакон хатар дорад, чун системи дифоии бадани онҳо аз калонсолон дида, заифтар аст. Хатари асосии менингит дар он нуҳуфта аст, ки аломатҳои аввалияи он сахт ба зуком шабоҳат доранд ва одамони гирифтор ба он, бисёр вақт дер ба табибон муроҷиат мекунанд ва ин дар навбати худ табобати бемориро душвор ва баъзан номумкин мегардонад. 

Сабабгорӣ сар задани ҷараёни илтиҳобӣ дар пардаҳои майнаи сар микробҳо ва вирусҳо мебошанд. Дар бештари маврид се навъи вирус, менингококк, пневмококк ва микроби гемофилӣ ин бемориро ба вуҷуд меорад. Аммо менингит на ҳама вақт бо сабаби заҳролудшавӣ бо ин вирусҳо рушд мекунад. Ин микробҳо метавонанд дар организми инсони солим солҳо вуҷуд дошта бошанд ва ҳеҷ мушкиле дар саломатиаш ба вуҷуд наоранд. Аммо дар натиҷаи омилҳои муаяйн, масалан суст шудани нерӯи дифоии бадан, ҷароҳатҳо ва ғ. ин бактерияҳо ба пардаҳои майнаи сар роҳ ёфта, боиси сар задани минингит мегарданд. Менингит инчунин метавонад дар натиҷаи бемориҳои илтиҳоби-сириятии гӯшҳо ва бинӣ пайдо шавад. Ҳангоми ҷароҳати майнаи сар низ хатари роҳ ёфтани ин бактерияҳо ба пардаҳои майна афзоиш меёбад.       

Новобоста аз шакли беморӣ, нишонаҳои аввалини менингит маъмулан ба аломатҳои ҳар бемории сироятӣ монанди доранд. Ин аломатҳо иборатанд аз: сустӣ ва заъфи якбораи бадан, боло рафтани ҳарорати бадан то 39°C, шиддат гирифтани набз, халал дар ҷараёти нафаскашӣ ва дард дар тамоми баданд. Баъди ин аломати хоси менингит - дарди сар якбора пайдо мешавад. Ин дарди сар оҳиста оҳиста шиддат мегирад ва ба ноҳияи тахтапушт ва баъзан ба дасту по мунтақил мегардад. Аломатҳо метавонанд вобаста аз шакли беморӣ фарқ кунанд. Барои мисол ҳангоми сирояти пневмококкӣ - нишонаҳои  зуком пайдо шуда, бемор метавонад мубтало ба илтиҳоби шуш гардад, ҳангоми сирояти минингококкӣ - дар бадани бемор доначаҳо пайдо мешаванд, менингити энтеровирусӣ бошад - халал дар кори системи меъдаву рӯдаро ба вуҷуд меорад.           

Табибон инчунин як қатор аломатҳои менингитро ба синдроми менингиалӣ муттаҳид мекунанд, ки дар навбати худ барои ташхисӣ ҳамаи намудҳои беморӣ кумак мекунад. Ба синдоми менингиалӣ нишонаҳои зерин таъаллуқ мегиранд: пайдоиши қайкунӣ ҳангоми шиддати дарди сар, ҳассос шудани бемор ба рӯшноӣ, гиперестезӣ - афзоиши ҳассосияти мушакҳои гардан, ки ҳангоми он бемор наметавонад сари худро то сина хам кунад. Инчунин ҳангоми ин синдром кашиши рагҳои бадан низ метавонад мушоҳида гардад. 

Ҳангоми пайдоиши ин нишонаҳо бояд фавран ба Ёрии таъҷилӣ муроҷиат кард ва беморро ҳар чи зудтар ба бемористон интиқол дод. Менингит рушди бо суръат дорад ва ҳатто каме дер кардан ҳам метавонад барои инсон фарҷоми бисёр баде ба бор орад. Барои пешгирӣ аз беморӣ бошад бояд ҳатман гигиенаи (беҳдоштӣ) шахсиро риоя намуд, бемориҳои сироятиро  (хусусан бемориҳои сармохурдагиро) саривақт табобат кард ва нагузошт онҳо ба шакли музмин гузаранд. Инчунин ба гуфтаи табибон, ваксинакунӣ низ метавонад баъзе аз шаклҳои менигитро пешгирӣ намояд.

ФОТО

 

ВИДЕО