Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

САКТА Ё ИНФОРКТӢ ГУРДА: АЛОМАТҲО, ТАШХИС ВА ТАБОБАТ

Мутахассиси бахши  урологии

Бемористони Ибни Сино,

доктор Абдусамад Абдувоҳидов.

 

Сакта ё инфоркти гурда, дар таҷрибаи клиникии тиббӣ бисёр кам вомехурад, аммо пасомадҳояш метавонанд барои инсон хатарнок бошанд. Бо ин таъбир дар илми тибб иллати мабдаъии гурда ва некрози бофтаҳои онро меноманд.

Сабаби асосии чунин ҳолат, басташудани рагҳои хунгард дар қисмати  гурда ба шумор меравад. Дар натиҷаи чунин ҳолат, гурда наметавонад вазоифи асосии худро иҷро кунад ва ин ба пасомадҳои бисёр сахт мунҷар мегардад.

Мутахассисон чанд сабаби пайдоиши инфоркти гурдаро зикр мекунанд, ки аз миёни онҳо аз ҳама бештар:       

Пайдоиши судда (тромб) дар раги шарёнии гурда. Дар ин сурат бемориро инфоркти ишемикии гурда меноманд. Судда метавонад бо сабаби атеросклероз (вақте дар рагҳои хунгард пилокҳои атеросклерозӣ шакл мегирад) ба вуҷуд ояд;

Басташавии раги варидӣ гурда;                   

Ва инчунин як қатор бемориҳои дигар аз қабили анемияи ҳуҷайраии досшакл, синдроми Марфан, нефросклероз ва склодерма дида мешаванд.

Аломатҳои асосии инфоркти гурда, дарди сахти неогаҳонӣ дар тахтапушт ва қисмати шикам, болоравии фишори артериалӣ, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, халал дар кори муназзами дил, вуҷуди хун дар пешоб, таъхир ё тамоман қатъ гардидани пешобкунӣ, қамъ гардидани ҳаҷмӣ шабонарӯзии пешоб, беиштиҳоӣ ва баланд гардидани ҳарорати бадан ба шумор мераванд. Агар сакта қисмаӣти начандон калони гурдаро мубтало карда бошад аломатҳои мазкур метавонанд зоҳир нагарданд. Сактаи гурда метавонад ҳатто дар навзодон ҳам, дар рӯзҳои аввали ҳаёташоне ба вуҷуд ояд. Ин ҳолатро табибон сактаи туршпешобӣ меноманд, чун сабаби асосии он ҷамъшавии аз ҳад зиёди булурҳои кислотаи карбомид дар қисмати ҷӯякҳои гурдаӣ мебошад. Сактаи туршпешобӣ дар натиҷаи таҷзияи якбораи ҳуҷайраҳо пайдо мешавад. Ҳуҷайраҳои таҷзияшуда моддае бо номи пурин ҳосил мекунанд ва аз он кислотаи корбамид ба вуҷуд меояд. Маъмулан ин кислота ба таври табии аз гурдаи навзод, дар зарфми чанд рӯз даъф мешавад ва табобати хосеро тақозо надорад. Ин ҳолат ба саломатии кудак хатар надорад ва танҳо бояд нӯшидании бештари ба ӯ дода шавад. Ин нушӯданӣ намакҳоро зудтар ҳал мекунад.   

Ташхиси сактаи гурдаро танҳо мутахассис бо назардоштӣ аломатҳои умумӣ ва натиҷаи озмоишҳо гузошта метавонад. барои мисол ҷамъшавии зиёди сафеда дар хун метавонад яке аз аломатҳои сактаи гурда бошад. Барои ташхиси беморӣ, аз таҳлилӣ биохимӣ ва таҳлили умумии хун истифода мебаранд. Инчунин гузаронидани УЗИ, допплерогрофӣ ва ангиогрофӣ барои ташхиси сактаи гурда кумак мекунанд. Табобати сактаи гурда, вобаста аз дараҷаи рушд ва қисмати мубталошудаи узв ҳам бо усули друӣ (консервативӣ)  ва ҳам бо усули ҷарроҳӣ (оперативӣ) амалӣ мегардад. Дар усули ҷарроҳи дур кардани гурда ва васли гурдаи навро истифода мебаранд. Бояд зикр кард, ки ҳар маврид бисёр нодир буда, бархурдорӣ ҷудогонаро тақозо мекунад. Барои пешгирии сакта бошад, мутахассисон режими муътадилӣ хӯрокӣ ва ҳаёти солимро тавсия мекунанд. Хӯроки солим ва фаъолияти ҷисмонӣ - асоси солимии бадан ба шумор меравад.

ФОТО

 

ВИДЕО