БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

СИРОЯТИ ДИЛ!

Мудири бахши кардиоҷароҳии

Бемористони Ибни Сино,

доктор Хайрулло Асомиддинов.

 

Эндокардити сироятиро табибон сирояти дил муаррифӣ кардаанд. Ин бемори хусусияти илтиҳобӣ дошта, парда, қапқоқҳо ва рагҳои қисмати дилро иллатдор мекунад.

Эндокардити сироятӣ метавонад бо сабаби бемориҳои сармохурдагӣ, зуком ва исстресҳое, ки қобилияти дифоии баданро суст мекунанд ба вуҷуд ояд. Ҳангоми эндкардити сироятӣ дар қапқоқоҳои дил ташкилаҳои озахӣ шакл мегиранд, ки метавонад ба норасоии кори қапқоқҳо оварда расонад.

Сабабгори асосии ин беморӣ микробҳо мебошанд, ки таввасути хун ба дил мунтақил мегарданд. Аз ҳама бештар эдокардитро микробҳои: стрептококк, стафилококк, энтерококк ва микроби чӯбшакли рӯда ба вуҷуд меоранд.  Ашхоси гирифтор ба бемоиҳои иллати дил, ашхосе, ки сактаи дил шудаанд ва ашхсое, ки қапоқҳои сунъии дил доранд, дар гурӯҳи хатари гирифтор шудан ба ин беморӣ қарор мегиранд. Аммо гоҳе авқот, одамони дилашон солим ҳам бо ворид гардидани сироят ба системи хунгардашон, гирифтори эндокардит мегарданд. Бемории зуком, бемориҳои узвҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ, табобати нодурусти дандон ва ҳолатҳои баъдиҷарроҳӣ низ метавонанд сабабгори сар задани эндокардит шаванд.       

Хатари асосии эндокардитро, ҷамъшавии бактерияҳо дар қапқоқҳои дил муаррифӣ мекунанд. Ин бактерияҳо дар навбати худ тромботситҳо ва лейкотситҳоро ба моил мекунанд. Дар натиҷаи аз бактерияҳо, тромботситҳо ва лейкотситҳо дар якҷлоягӣ ташкилаҳое шакл мегиранд, ки дар сурати табобат накардан қапқонҳои дилро вайрон мекунанд. Бемори метавонад оҳиста рушд кунад ва одамон танҳо тохикордии сабукро (тезтар кор кардани дил) ҳис мекунанд. Баъди чанде ин тохикордӣ доимӣ гардида, ҳарорати бадани инсон баланд мешавад (то 40 дараҷа). Ҳарорат метавонад гоҳе паст шавад ва баъдан боз боло равад. Инчунин ҳангоми эндикордия беморро  дарди сар, дард дар мушакҳо, арақкунии зиёд, камшудани иштиҳо, овозҳо дар дил, бузургшавии испурч ва ҷараёнҳои илтиҳобии гурда азият медиҳанд.     

Барои гузотштани ташхиси дурусти беморӣ, табибон чанд муоинаро бояд  анҷом диҳанд. Ба бемор ҳам усулҳои ташхиси дастгоҳӣ (ЭКГ, ЭХО Кг ва ғ.) ва ҳам муоинаи озмоишгоҳӣ (таҳлили хун ва тақсими бактериалии он) таъин карда мешавад. Асоси табобати эндокардитро, аз байн бурдани сироят ташкил медиҳад. Табибон худтабобаткунии ин бемориро қатъият манъ мекунанд. Табобатро мутахассисони соҳа бештар бо усули дорӯӣ анҷом медиҳанд, аммо ҳангоми рушди норасоии кори дил, усули ҷарроҳӣ тавсия мегардад. Мутахассисон бисёр вақт барои пешгирии эндокардити сироятӣ (хусусан баъди кандани дандон ва дур кардани ғадуди бодомшакл) истеъмоли антибиотикҳоро тавсия мекунанд. Инчунин барои пешгирии ин беморӣ бояд мабдъаи сироятро дар бадан маҳв кард, нерӯи дифоъии баданро тақвият дод, бо исстресҳо тобоварӣ карда, режими хӯрокиро дуруст намуд ва фаъолияти ҷисмонӣ кард.   

ФОТО

 

ВИДЕО