Барои табобати арзон ин тугмаро пахш кунед
БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ЗАҲР ДАР МЕВАВУ САБЗИҶОТ!

Бисёре аз афрод бар ин боваранд, ки меваҳо ва сабзиҷот, чун таркиботи комилан табии ва бидуни ҳаргуна маводи шимиёӣ ва нигаҳдоранда ҳастанд, пас тамоми қисматҳои онҳоро бидуни ҳеҷ нигаронӣ ва мушкилот мешавад хурд. Аммо мутахассисон, ин идъао ва ин тарзи тафаккурро иштибоҳ мехонанд.

Ҳоло ба таври мисол чанд мева ва сабзиҷотро  номбар мекунем, ки хурдани баъзе қисматҳои онҳо метавонад барои саломатии инсон пасомадҳои ногуворе эҷод кунад. 

1. Бодоми талх.       

Бодоми талх дар таркиби худ миқдори зиёди маводи "Омиигдолин глюкозид" дорад, ки дар бадан ба сиониди гидроген табдил мешавад. Сиониди гидроген яке аз аслитарин таркиботи офаткушест, ки дар саноати кишоварзӣ мавриди истифода қарор мегирад ва диқиқан ҳамон таркиби кушандаест, ки немисҳо замони  ҷанги ҷаҳонии дуввум, барои куштори дастиҷамъӣ аз он истифода мекарданд. Агар мизони ин заҳр дар бадан ба 68 милиграмм бирасад, метавонад  дар зарфи чанд сония сабаби марг гардад.

2. Донаҳои себ!           

Шояд бисёриатон дида бошед, ки баъзеҳо себро чунон мехуранд, ки танҳо чубааш аз он биқӣ мемонад. Агар Шумо ҳам аз ин гурӯҳ ҳастед беҳтар аст бидонед, ки донаҳои себ низ дорои заҳри бисёр хатарноке бо номи "Омигдолин" аст ва ҷамъ шудани он дар бадан, бо мурури замон метавонад мешкилсоз гардад. Омигдолин таркиби сионид ва қанд аст, ки монеъ расидани комили оксиген ба бадан мегардад. Албатта донаҳои себ ба худии худ пӯшиши тақрибан маҳкаме доранд, ки монеъи хориҷ шудани "омигдолин" мешаванд ва танҳо дар сурате, ки ин донаҳо зери дандон хоида шаванд, омили муҳофизатиашон аз байн меравад ва "омигдолин" ба роҳатӣ вориди бадан мешавад. Ин заҳри хатарнок бо гузашатани замон, метавонад садамоти ҷуброн нопазир барои организми одамӣ эҷод кунад. Бино бар ин мутахассисон тавсия мекунанд ҷониби эҳтиётро риоят кунед ва аз хурдани донаҳои себ худдорӣ кунед. 

Картошкаи сабз.                                           

Шояд борҳо чашматон ба картошкае, ки қисм атҳое аз он сабз шуда бошанд, афтодааст. Оё фикр кардаед, ки ин ранги сабз рӯи картошка аз чи метавонад бошад? Замоне, ки картошка дар ҳоли рушд ҳаст, он қисматҳое, ки хориҷ аз хок боқӣ мемонанд ва дар муқобили нури офтоб қарор мегиранд ва ҳамчунин дар замонҳое, ки тағйири дараҷаи ҳарорат бисёр зиёд аст, картошка ранги сабз ба худ мегирад ва моддаи заҳрдорӣ "сулонин" дар он ташкил мешавад. "Сулонин" заҳри бисёр хатарнок аст, ки агар миқдори он дар бадан боло равад, ба системи асаби таъсир расонида, мушкилоти зиёде барои афрод эҷод  мекунад. Пас кӯшиш кунед ҳеҷ гоҳ картошкаи сабзро масраф накунед ва қисматҳои сабзи онро, ҳангоми пухту паз, бурида дур бияндозед. 

Хурдани гелос бо дона!               

Донаҳои гелос ҳам, монади донаҳои себ дорои "омигдолин" мебошанд. Оммигдолини мавҷуд дар донаҳои гелосҳам, ба маҳзи вуруд ба баданд метавонад бо озодсозии онземи гулюкоздор аз дастгоҳи гувориш мубодила гардида, ба сионид ва гулюкоз табдил шавад. Сиониди озодшуда таркиби бисёр заҳнок ва ҳатто кушанда аст, ки бо халадор кардани системи оксигенрасонӣ ба селулҳо, метавонад сабаби марги селул шавад ва дар миқдори зиёд одамиро ҳалок мекунад. Ба ин хотир ҳаргиз гелосро бо донааш нахуред. Ин иштибоҳ хусусан дар кудакон зиёд вомехурад ва бо сабаби поинтар будани қудрати системи эмании (имунӣ) дар онҳо метавонад хатари бештаре ба ҳамроҳ дошта бошад.

ФОТО

 

ВИДЕО