БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

САКТА Ё ИНФАРКТИ ШУШ

Одатан бештари мардум, сактаро ба бемориҳои қалб марбут медонанд, аммо ин андешаи чандон дурусте нест. Дар истилоҳоти тиббӣ калимаи сакта (инфаркт) маънои марги бофтаҳои узвро дорад, ки бо сабаби норасонии таъмини хун дар  узв ба вуқӯъ мепайвандад.

Ва ин узв метавонад на фақат қалбӣ инсон бошад. Барои мисол, сактаи шуш низ дар таҷрибаи клиникии тиббӣ зиёд дида мешавад ва бемории бисёр хатарнок маҳсуб меёбад. Сабаби асосии сактаи шуш, бандшавии рагҳои шуш бо сабаби судда (тромб) ё эмболия (суддабандии рагҳо бо сабаби вуҷуди заррачаҳои бегона дар онҳо) ба шумор мераванд.  Одатан марги бофтаҳои шуш дар муддати як шабонарӯз, баъди басташавии раг ба вуҷӯъ мепайвандад.  Сактаи шуш аворизи баде низ дорад, ки паҳнгаштатаринашон - илтиҳоби шуш ва варами пардаи шуш мебошад.

Сабабҳои асосии сакта ё инфаркти шуш ба андешаи мутахассисон иборатанд аз: вуҷуди судда дар рагҳо; варам ё омосе, ки рагҳоро фишор медиҳанд; амалҳои ҷарроҳии таҷвифӣ; шикасти усухонҳои дарози найчашакл; истеъмоли дорӯҳое, ки лахташавии ӣолои хунро ба бор меоранд ва инчунин норасоии кори дил.

Барои пешгирии аз аворизи суъи сактаи шуш, сари вақт ошкор кардани он нақши зиёд дорад. Барои ин аломатҳои асосии бемориро бояд мушаххас кард. Агар шуш иллати чандон надида бошад, бемор аломатҳои хосеро ҳис намекунад. Аммо агар шуш зиёд иллатдор шуда бошад, дар бемор аломатҳои зерин аз қабили: нафастангӣ (ин ҳолат якбора пайдо мешавад ва зуд рушд мекунад); дарди сахт дар қафаси сина, паҳлӯ ва дар зери шона; пастшавии фишори артериалӣ; дилзании шадид ва набзи суст;  сулфаи хушк, ки рафта рафта ба сулфаи омехта бо балғам ва хун мубаддал мегардад; хунпартоӣ, ки бо сабаби хунравӣ дар шуш ба вуқӯъ мепайвандад ва ранги хокистарии пӯст.

Агар дар бемор ин аломатҳо мушоҳида гарданд, бояд ҳар чи зудтар ба мутахассис муроҷиат кард. Танҳо табиб бо гузаронидани ташхиси муаян, метавонад сактаи шушро аз илтиҳоби шуш фарқ кунад ва табобати дурустро ба роҳ монад. Усули асосии ташхиси сактаи шуш муоинаи ренгологенӣ ба василаи моддаи контрастӣ ба шумор меравад.  Ҳангоми сакта, оғози ҳар чи зудтари табобат нақши калидӣ дорад. Табобати беморӣ танҳо дар шароити беморхонаӣ  амалӣ мегардад ва бемор зери назорати доимии табибон қарор мегирад. Ин беморӣ агар сари вақт табобат нагардад, метавонад инсонро ба марг ҳам дучор гардонад. Барои мисло агар раги шарёнии шуш баста гардад, бемор фавран мемирад. Дар ҳолати осеб надидани раги шарёнӣ, сактаи шуш табобатшаванда аст. 

ФОТО

 

ВИДЕО