БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

КОЛИТ (ИЛТИҲОБИ ПАРДАИ ЛУОБИИ РӮДАИ ҒАФС) - "БЕМОРИИ НОГУВОР"

Колит ё илтиҳоби пардаи луобии рӯдаи ғафсро "бемории ногувор" унвон мекунанд. Ин бемори метавонад муддати тӯлонӣ инсонро азият намуда, ҳиссиёти бисёр бадеро ба бор орад.

Илтиҳоби пардаи луобии рӯдаи ғафс, дар вобастагӣ бо сабабҳои пайдоишаш метавонад сироятӣ, доруӣ ё ишемикӣ бошад. Ҷараёни беморӣ низ метавонад шадид, тез, музмин ва беҳолкунандаву тӯлонӣ бошад. Колити шиддатнок бисёр вақт дар асари илтиҳоби рӯдаи борик ё гастрит бурӯз мекунад. Сабабҳои ин беморӣ низ гуногунанд. Илтиҳоби пардаи луобии рӯдаи ғафс, метавонад бо сабаби: сироятӣ бактериалӣ ё вирусии рӯдаҳо аз қабили салмонеллез; халалдор гаштани таъмини хуни рӯда; истеъмоли дуру дарози антибиотикҳо ё дорӯҳои дигар; аллергия ба маводи хӯрокии хос; реҷаи нодурусти ғизоӣ, истеъмоли зиёди хӯрокиҳои равғанин; кирми меъда; исстресҳо ва ғ., ба вуқӯъ ояд. 

Аломатҳои асосии колит иборатанд аз: дард дар қисмати шикам; қур-қур ва дам кардани шикам; мушкилот дар қазои ҳоҷат; хун дар мадфӯъ; беҳолӣ; ва дар ҳолатҳои вазнин, баланд гардидани ҳарорати бадан. 

Ҷараёни шадиди беморӣ якчанд рӯз ва гоҳе авқот чанд ҳафта тӯл мекашад. Ҷараёни музмини колит бошад, беморро муддати бисёр тӯлонӣ азият мекунад. Барои ташхиси колит бемор бояд ташхиси муаян гузарад. Одатан ташхиси мадфӯ ва ренгуни рӯдаҳо гузаронида мешавад. Рӯдаро пеш аз ташхиси ренгеналогӣ бо моеъи махсуси контрастӣ пур мекунанд. Инчунин табибон метавонанд, барои ошкор кардани беморӣ, УЗИ и узвҳои маҳватаи шикамро низ гузаронанд. 

Асоси табобати колитро парҳез ташкил медиҳад. Бе реҷаи дурустӣ ғизоӣ табобати ин беморӣ имкон надорад. Ҷараёни табобат бевосита аз сабаби пайдоиши беморӣ вобастагӣ дорад. Барои мисол агар колит бо сабаби сирояти бактериалии рӯдаҳо буруз карда бошад, онро ба василаи антибиотикҳо табобат мекунанд. Ҳангоми колити музмин (хронический) бошад, бештар дрӯҳои зидди ихтилоҷӣ (испозмӣ) мавриди истифода қарор мегиранд. Аммо барои пирӯзӣ бар колит ба андешаи мутахассисон пеш аз ҳама бояд муносибати худро ба хӯрок тағйир дод ва бештар аз хӯрокиҳои солиму сабук истифода кард.

ФОТО

 

ВИДЕО