БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

КАМХУНӢ

Камхунӣ гуфта, дар истилоҳи тиббӣ бемориеро меноманд, ки ҳангоми он шумораи эритротситҳои хун камшуда, ҳемоглобинӣ он поин меравад. Ба ин беморӣ метавонад, хунравии зиёд, халал дар кори мағзи устухон, вайроншавии ҳуҷайраҳои хун ва як қатор иллатҳои дигар оварда расонад.

Аммо аз ҳама сабаби асосии камхунӣ ба андешаи мутахассисон, камбуди оҳан дар организми инсон ба шумор меравад. Оҳан маводи бисёр зарурӣ дар бадани одамӣ ба шумор меравад ва камбудӣ он, метавонад мушкилоти зиёдеро ба бор орад. Яке аз ин мушкилот, норасоии оксижен ба тамоми узвҳо ва бофтаҳои бадан мебошад. Инчунин камхунӣ метавонад бо сабаби норасоии витамини В12 ё оксиди фолий ба вуҷуд ояд, ки он ҳам ба фаъолияти организм таъсири манфии зиёд дорад.         

Камхунӣ аломатҳои зиёд дорад, ки маъмултаринашон иборатанд аз: мушкилот дар ҳазми хӯрок; бадҳолӣ; зудхасташавӣ; ихтилоҷ (рагкашӣ); аз ҳуш рафтан; сардардҳои доимӣ; нафастангӣ; дилбеҳузурии доимӣ; дилзанак; хоболудагӣ; доираҳои кабуд дар зери чашмон; ранги тираи милки дандону лабҳо ва беиштиҳоӣ. Ба адешаи мутахассисон агар касе ин аломатҳо ё чандтои онҳоро мушоҳида кард, бояд ҳатман ба табиб муроҷиат кунад. Танҳо табиби ҳирфаӣ бо гузаронидани ташхиси муаян, метавонад бемориро ошкор намуда, роҳҳои дурусти табобатро муаян кунад.   

Агар камхунӣ сари вақт табобат нагардад ба киҳиши нерӯҳои дифоъии бадан мунҷар мешавад ва инсон тезе гирифтори бемориҳои гуногун мегардад. Инчунин инсони гирифтор ба камхунӣ хатари аз даст додани қобилияти кориашро низ дорад. Камхунӣ метавонад ба пардаи луобии организм осеб расонад ва инсон гирифтори сироятҳои рӯдаӣ мегардад. Бо сабаби норасоии оксиген, кори дил низ халал меёбад ва инсон гирифтори норасоии кори дил ва гипертрофии меъдачаи чапи дил мегардад. Дар беморони гирифтор ба камхунӣ, бузургшавии ҳаҷми ҷигар ва варамӣ поҳо (бо сабаби поин рафтани сатҳи ҳемоглобин) низ дида мешавад.     

Тибқи оморҳо занон бештар ба ин беморӣ гирифтор мегарданд, чун организми онҳо ба оҳани бештаре ниёз дорад. Оҳан барои ҷараёни ҳомиладории солим маводи бисёр зарурист ва бе он рушди ҷанин имкон надорад. Оҳан барои занони ширдеҳ  низ яке аз аносури муҳим ба шумор меравад. Ҳамин тариқ занон аз мардон дида, ба оҳан ниёзи бештар доранд.                 

Барои гузоштани ташхиси камхунӣ, табибон аз аломатҳои умумӣ ва таҳлили хун истифода мебаранд. Маҳз ба василаи таҳлили хун, мешавад сатҳи ҳемоглобинро дар хуни инсон муаян кард. Барои пешгирии камхунӣ, мутахассисон тағзияи муносибро тавсия мекунанд. Дар реҷаи хӯрокӣ маводи ғизоии оҳандор бояд зиёд бошад. Миқдори кофии оҳан, дар таркиби маҳсулоти баҳрӣ, ҷигар, марҷумак, зардии тухм, забони говӣ, испаноқ (исфаноҷ), себ ва анор мавҷуд аст. Аммо агар инсон аллакай гирифтор ба камхунӣ шуда бошад, танҳо бо истеъмоли маҳсулоти оҳандор онро намешавад табобат кард. Табибон ба ин афрод дорӯҳои оҳандорро таъин мекунанд ва ин дорӯҳоро то баланд гардидани сатҳи ҳемоглобин бояд истеъмол намуд.

Умуман бояд дар ёд дошт, ки камхунӣ бемории бисёр ҷиддӣ мебошад ва ҷараёни онро набояд аз назорат холӣ кард. Ташхиси саривақтӣ, тағзияи дуруст ва дармони муносиб метавонанд инсонро аз камхунӣ ва пасомадҳои ногуворӣ он наҷот диҳанд. 

ФОТО

 

ВИДЕО