БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ИЛТИҲОБИ МУЗМИНИ ҒАДУДҲОИ БОДОМШАКЛ (ТОНЗИЛЛИТИ МУЗМИН)

Мутахассиси бахши Гӯш, Гулӯ ва Бинии (ЛОР)

Бемористони Ибни Сино,

доктор Нозим Шодиев

 

Дар бораи бемориҳои ғадуди бодомшакл, аз қабили тонзиллит (варами ғадуди бодомшакл) ва ангина (дарди гулӯ) қариб ҳама иттилоъ доранд, аммо дар бораи шакли музмини (хронический) беморӣ маълумоти чандоне вуҷуд надорад.

Ва ин боиси таасуф аст, чун мабдаъи сирояти музмин дар ғадудҳои бодомшакл дар одамони зиёде вуҷуд дорад. Варами ғадуди бодомшакл (тонзилит) бемории паҳнгаштаест, ки ҳам калонсолон ва ҳам кӯдакон ба он мубтало мегарданд. Аммо шакли музмини ин беморӣ, агар сари вақт табобат нашавад, метавонад хатароти зиёде ба бор орад. Илтиҳоби музмини ғадуди бодомшакл метавонад ба гурда, банду буғумҳо, дил ва узвҳои дигар низ таъсири манфӣ расонад.                   

Варами ғадуди бодомшакл метавонад бо шаклҳои гуногун буруз кунад, аммо нишонаҳои асосии шакли музмини беморӣ иборатанд аз: баланд гардидани ҳарорати бадан то 37,2-37,5 дараҷа; бӯи бада аз даҳон; дард дар гиреҳҳои балғамии ҷоғ; беҳолӣ ва паст гардидани нерӯи дифоъии организм; сардард; пайдошудани варам дар қисмати ғадудҳо ва сурхшавии онҳо. Варами музмини ғадуди бодомшакл (тонзиллити музмин) метавонад дар давраҳои муаян шиддат ёбад ва агар беморӣ табобат нагардад, мабдаъи илтиҳоб ба тамоми бадан паҳн мегардад. Организм, ки нерӯи дифоъиаш суст гардидааст наметавонад бо он муқовимат кунад ва оҳиста оҳиста сироят ба гурдаҳо (полиенефрит), банду буғумҳо (полиартрит) ва дил (ревмокаррдит) ва ғ. интиқол меёбад.     

Сабаби асосии тонзиллити музмин, уфунатҳои тез тези ғадуди бодомшакл ё табобати нотамоми дради гулӯ (ангина) ба шумор мераванд. Дар чунин ҳолатҳо ғадудҳои гулӯ, қобилияти муқовиматии худро дар баробари бактерияҳо аз даст медиҳанд. Сироятҳои бакстериалӣ низ монандӣ синусит, гайморит (варами пардаи луобии ду тарафи бинӣ), кариеси дандонҳо ва ғ. метавонанд сабабгори сар задани тонзиллити музмин гарданд.

Бемории сурхакон, махмалак, дарди ханозир (тепку) ва дигар бемориҳои кӯдакона ҳам илтиҳоби мухмини ғадуди бодомшаклро ба бор меоранд. Норасоии витаминҳо, хӯроки якранг, сармохӯрдагии тез тез, исстресҳо ва заъфи равонӣ ва муҳити бади экологӣ низ метавонанд сабабгори сар задани ин беморӣ гарданд. 

Худтабобаткунии илтиҳоби музмини ғадуди бодомшакл қатъият манъ гардидааст. Бо худтабобаткунӣ инсон зараре бештари ба саломатиаш ворид мекунад. Барои табобати дурусти тонзиллити музмин бемор бояд аз ташхиси мутахассис гузашта, як қатор таҳлилҳоро супорад. Бемориро бештар ба шакли доруӣ табобат мекунанд. Ғадудҳоро бо маҳлули махсус мешӯянд. Дар ҳолатҳои вазнин аз усули ҷарроҳӣ ҳам истифода мекунанд. Бештари падару модарон, ки кӯдаконаш зуд зуд ба варами ғадудҳои бодомшакл мубтало  мегарданд бар ин боваранд, ки усули ҷарроҳӣ роҳи аз ҳама муфиди табобати ин беморӣ ба шумор меравад. Аммо мутахассисон мегӯянд, ки дур кардани ғадудҳо ба системи дифоъии организми кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Чун маҳз ғадудҳои гулӯ садди асосӣ дар роҳӣ микробҳо ва вирусҳои ба гӯлӯ ва ҳалқ ворид гардида ба шумор мераванд. Ба ҳамин хотир, муроҷиати саривақти ба мутахассис метавонад табобати муфид ва доруии варами ғадудҳои бодомшаклро таъмин кунад.      

ФОТО

 

ВИДЕО