БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ДАРД ДАР ҚАФАСИ СИНА: АЛОМАТИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ

Мутахассиси бахши кардиологии

Бемористони Ибни Сино,                                            

доктор Акмалҷон Қудратов

 

Дардҳо дар қисмати сина метавонанд бо сабаби ҳолатҳо ва бемориҳои гуногун буруз кунанд. Ва на ҳама вақт сабаби ин дардҳо бемориҳои дил ба шумор мераванд. Аммо  ҳангоми эҳсоси ҳар гуна дард дар қисмати сина, инсон бояд ҳатман ба табиб муроҷиат кунад.

Барои муаян кардани дарде, ки аломати бемории дилро дорад ба чанд нукта бояд  таваҷҷӯҳ кард. Нуктаи аввал ин, ки оё худи сандуқи синаи инсон метавонад гирифтори дарде гардад. Сандуқи сина устухони ҳамвори дарозшаклест, ки дар маркази қафаси сина ҷойгир гардидааст. Дар пуши ин устухон узвҳои муҳими инсон аз қабили дил, шуш, меъда ва ғ. воқеъ гардидаанд. Вақте сухан аз дард дар сина меравад, маҳз дард дар қафаси сина дар назар аст. Ва эҳсоси дард дар синаро, метавонанд узвҳо ва мушакҳои дар қафаси сина қарор дошта ба бор оранд. Дардҳо дар қисмати қафаси сина метавонанд кашанда, беқароркунанда ё баръакс - шадид ва сӯзанда бошанд. Инчунин маҳдудаи дард (дар марказ, дар қисмати чап, ё рост), қисмати шабонарӯзӣ, ки дард дар он аз ҳама бештар инсонро азият мекунад, ва як қатор аносури дигар низ дар муаян кардани дарди сина аҳамияти калон доранд. 

Аҳамият додан ба хусусиёти дар низ бисёр муҳим мебошад. Баъзе аз шаклҳои дард дар қисмати сина, нишонгари муроҷиати фаврӣ ба бемористон буда, ёрии таъҷилии тиббиро тақозо мекунанд. Баъзеи дигар бошанд бо хурдани қурсе бартараф мешаванд.

Барои мисол ҳолатҳои муроҷиаи фаврӣ ба бемористонро ҳолатҳои зерин тақозо мекунанд: 

- сактаи миокорд (ҳамлаи қалбӣ) - дард ҳангоми сакта метавонад фишордиҳандаву  шадид бошад ва дар қисмати чапи сануқи сина маҳдуд гардида, ба дасти чап мунтақил гардад. Дар ҳолатҳои вазнин (агар бемор ба табиб муроҷиат накунад) дард метавонад як шабонарӯз идома ёбад, аммо ба василаи дорӯ бартараф гардида, метавонад тамоми қисм - атҳои аз миён боли баданро дар бар гирад;                         

- аневризми аорта - ҳангоми ин ҳолат дард ногаҳонӣ пайдо мешавад ва бисёр шадид буда, ба миён интиқол меёбад ва дар қисмати шонаҳо маҳдуд мегардад;   

-  тромбоэмболиёи шарёни шуш - ин навъи дард бисёр шадид мебошад.           

Инчунин бемории хатарноки дил, ки метавонад инсонро мубтало ба сакта кунад, стенокардӣ (ихтилоҷи рагҳои дил) мебошад. Ҳангоми ин ҳолат, таъмини дил бо оксижен халалдор мегардад ва инсон эҳсоси дарди фишордиҳада дар сандуқи сина мекунад. Ин дард баъзан метавонад шиддати бештар ба худ бигирад ва дилбеҳузурӣ ва арақкуниро ба бор орад. Аммо бар хилофи сакта, ҳангоми стенокордӣ ҳолати дард баъди 15-30 дақиқа гум мешавад.                                               

Ғайр аз инҳо, бемории миокардит (илтиҳоби мушаки дил), перикардит (илтиҳоби перикард), кордиомиопатӣ (бемории норасоии кори дил), пролопси даричаи митрол (ҳангоми он даричаи даил пурра маҳкам намешавад), атеросклероз  ва дигар бемориҳои илтиҳобии бофтаҳои дил, метавонад боиси сар задани дард дар қисамати қафаси сина гарданд. Ба ҳамин хотир барои муаян кардани сабаби аслии дард дар қафаси сина ва табобати ҳар чи зудтари он, муроҷиаи саривақти ба мутахассис нақши аввалиндараҷа дорад. 

ФОТО

 

ВИДЕО