БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

БРОНХИТ ВА АВОРИЗИ СУЪИ ОН

Пизишки умумии

Бемористони Ибни Сино,      

доктор Дилором Ахмедова.

 

Бронхит бемории пардаҳои луобии нойчаҳои шуш мебошад, ки бештар бо сабаби сироят (вирусӣ ё бактериолӣ) ба вуҷуд меояд. Бронхит метавонад шадид ё музмин (хронический) бошад.

Ҳангоми шакли шадиди бронхит, дар бемор хурӯҷи шадиди сулфа ва беҳолӣ дида мешавад, ҳарорати баданаш метавонад боло равад ё мӯътадил (аз 36,6 то 37 °C) боқӣ бимонад ва метавонад  субфевралӣ (аз 37 0 то 37,5 °C ) бошад.

Бронхити музмин бошад, метавонад  бо сабаби сармохӯрдагии табобатношуда, тамокукашии зиёд, шароити бади экологӣ (олудашавии ҳаво бо гоз, дуд ва ғ.), ҳангоми кор дар истеҳсолоти зарарнок, дар натиҷаи халалдор гаштани нафаскашӣ бо сабаби сохтори патологии (ғайритабии) болои ҳалқ ва дар натиҷаи такроран гирифтор шудан ба бемории зуком пайдо шавад.                               

Хатари асосии бронхит дар аворизҳои он нуҳуфта шудааст. Ҳангоми бронхити музмин, беморро хурӯҷи тез тези сулфа азият медиҳад, нафаскашиаш душвор гардида, бемор балғами зиёд ҷудо мекунад. Бронхити музмин дар сурати табобатнашуданаш метавонад ба илтиҳоби шуш оварда расонад. Илтиҳоби шуш бемории хатарнок аст ва табобати фавриро тақозо мекунад. Ҳангоми ин беморӣ, инсон лоғар гардида, дар бофтаҳои шушиаш тағйир ба вуҷуд меояд. Яке аз аворизҳои дигари бронхит зиққи нафас (астма) ба шумор меравад. Зиққи нафас низ бемории хатарнок буда, хатари бевоситаи он дар ин аст, ки хурӯҷи шабонаи нафастангӣ (хафақон) тез тез такрор мешавад ва оқибати марговар дорад. Зиққи нафас инчунин метвонад барои кори дил низ мушкилот эҷод кунад ва бемор ҳатто ҳангоми роҳгардии оҳиста оҳиста ҳам эҳсоси нафастангии сахт мекунад. Аворизи дигари бронхит, ки бештар домангири калосолон мешавад, бемории дили риявӣ (шушӣ) мебошад. Ҳангоми ин беморӣ, бештар тарафи рости дил осеб мебинад ва бемор дучори нафастангии шадид ва сардард мегардад. Дили риявӣ (шушӣ) дар навбати худ, дар бофтаҳои дил тағйир эҷод мекунад ва инсонро мубтало ба норасоии кори дил ва сактаи миокорд мегардонад. 

Бронхит инчунин метавонад бемориҳои инсидодии (обструктивии) шушро, монанди инсидоди (обструктсияи) нойчаҳои шуш, эмфиземаи шуш (омоси шуш), фишори хуни шушӣ ва ғ. ба вуҷуд орад. Ҳамаи ин бемориҳо дар натиҷаи табобатнакардани бронхит ба вуҷуд меоянд.     

Аз аворизи бронхит, танҳо бо табобати саривақтии беморӣ мешавад худро муҳофизат кард. Бронхитро бо роҳи доруӣ табобат мекунанд ва дар табобат инчунин аз парҳез, фаъолияти ҷисмонӣ, машқҳо барои тақвияти нафаскашӣ ва ғ. истифода мебаранд. Муроҷиаи саривақти ба бемористон ва машварат бо табибон дар пеширии бронхит ва аворизи хатарноки он нақши бисёр муҳим доранд.

ФОТО

 

ВИДЕО