БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

"ГЕМЕРАЛОПИЯ" Ё ШАБКӮРӢ!

Мутахассиси бахши чашмпизишкии

Бемористони Ибни Сино,      

доктор Шаҳло Бобоҷонова.

 

Чашмони одам қодиранд ҳатто дар шаб, шакл, ранг ва ҳаҷми ашёҳоро бубинанд ва фарқ кунанд. Аммо баъзе одамон бо фарорасии торики ё рушаноии паст, шакл ва ранги ашёҳоро фарқ намекунанд.

Халалдоргаштани нерӯи биноӣ дар торикиро, тиби муосир "гемералопия" унвон кардааст, аммо дар истилоҳи оммавӣ ин иллатро шабкӯрӣ меноманд.                           

Шабкурӣ иллати модарзодӣ ба шумор меравад, аммо солҳои охир чашмпизишкон ҳолатҳои зиёди шакли касбкардаи ин бемориро низ ташхис медиҳанд. Бо фарорасии фасли тирамоҳ ва кӯтоҳ шудани рӯзҳо, ин мушкил барои одамони зиёд, ки аз ин иллат азият мекашанд пеш меояд.  Сабаби асосии "гемералопия" ё шабкӯрӣ, камбудӣ витаминҳо, ки  дар организм боиси шаклгирии пигменти (рангдонаи) родопсин мегарданд ба шумор меравад. Маҳз ин пигмент ё рангдонаи биноӣ, барои тезбинии чашм дар шом ва торикӣ ҷавобгӯ мебошад. Ин пигмент бештар дар  витамини "А" ва каратиноидҳо мавҷуд аст.       

Шабкӯрӣ бо халалдор гаштани якбораи нерӯи биноӣ дар торики ё равшании паст буруз мекунад. Одам наметавонад ашёҳоро дуруст бубинад, наметавонад рангҳоро дуруст фарқ кунад ва пеши чашмонашро ба гунае, тумани ғализ (маҳ дуд) фаро мегирад. Ин ҳолат хусусан барои ронандагон, ки шомгоҳ сари чанбарак қарор доранд ва пиёдагардоне, ки ин ҳангом дар роҳи мошингард истодаанд хатарнок мебошад. Ба ҳамин хотир ашхосе, ки аломатҳои шабкӯриро доранд бояд ҳатман ба чашмпизишк муроҷиат кунанд.     

Шакли модарзодии шабкӯрӣ қариб табобат намешавад, аммо шакли касбкардаи гемералопияро мешавад бо роҳи табобати витаминӣ ва тақзияи дурусту муносиб  табобат кард.       

Барои пешгирии шабкӯрӣ, ворид кардани маҳсулоти бо витамини "А" бой дар реҷаи ғизоӣ, аҳамияти зиёд дорад. Ин витамин дар таркиби сабзавоти баргӣ аз қабилӣ испаноқ (исфаноҷ), пиёз, сабзӣ, маҳсулоти ширӣ, зардии тухм, қоти сиёҳ ва арзан (сӯк) зиёд аст. Витамини "А" маҳлули чарбиобкун ба шумор меравад ва барои хуб ҷазб шуданаш, беҳтараст онро  бо маҳсулоти чарбидор истеъмол намуд. Маҳсулоти чарбидори аз ҳама муфид бошанд, рағани зайтун, равғани зағер, гӯшти парранда ва панир ба шумор мераванд. Истеъмоли ин маҳсулот, хатари "гемералопия" ё шабкӯриро ба маротиб камтар мекунад.

ФОТО

 

ВИДЕО