БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ҲИФЗИ ШУНАВОӢ

Мутахассиси бахши Гӯш, Гулӯ ва Бинӣ (ЛОР)-и

Бемористони Ибни Сино,

доктор Нозим Шодиев.

 

Тибқи оморҳои тиббӣ ҳар нафари 9-ум дар сайёраи Замин дорои ихтилоли шунавоӣ мебошад. Мутаасифона инсон на ҳама вақт метавонад нишонаҳои паст шудани шунавоиашро сари вақт мушоҳида кунад.

Бисёриҳо дар оғоз, мушкилоти шунавоиашонро ба хастагӣ ё авомили дигари беруна рабт медиҳанд. Одатан, паст  шудани шунавоии шахсро, на худи ӯ, балки атрофиёнаш пайхас мекунанд. Бештар ин мушкилот домангири афроди солхурда (аз 50 сола боло) мегардад, аммо вақтҳои охир афроди синну солашон ҷавон ва ҳатто кӯдакон низ ба ин мушкил рӯ ба рӯ мешаванд.

Сабабҳои паст шудани шунавоӣ гуногунанд. Яке аз сабабҳои ин авориз, ки бештар дар ҷавонон дида мешавад, гӯш кардани мусиқӣ бо гӯшак (нушник) ба шумор меравад. Ба ин тарз гӯш кардани мусиқӣ ба роҳҳои шунавоӣ таъсири манфӣ мерасонад ва онҳоро заъиф гардонида нерӯи шунавоиро паст мекунад. Бемориҳои сироятии вирусӣ ва бактериалӣ, амсоли зуком, менингит (илтиҳоби пардаҳои майна), паротит (варами ғадуди паси гӯш), отит (варами гӯш), низ метавонанд ба пастгардидани нерӯи шунавоӣ оварда расонанд.  Одамони гирифтор ба бемории гипертония (фишорбаландӣ) низ, ки фишори артериалии худро назорат намекунанд хатари мубтало шудан ба пастшунавоиро доранд. Чаро, ки таъмини хуени гӯши дарунӣ ва асаби шунавоӣ аз як раг амалӣ мегардад ва дар ҳолати басташудан ё танг гардидани он (ҳангоми фишори якбораи артериалӣ) нерӯи шунавоии инсон паст мешавад. Дар ин ҳолат инсон метавонад, ҳатто ба пуррагӣ қобилияти шунавоиашро аз даст диҳад. Истеъмоли антибиотикҳо, исстресҳо ва асабонияти зиёд, ҷароҳати гӯш ва сар ҳам метавонанд боиси паст шудани шунавоӣ гарданд. Дар баъзе маворид пуршудани роҳҳои шунавоӣ бо чирк низ сабаби пастшунавоӣ мегардад.                         

Меъёри шунавоии гӯши инсон қоидатан аз 1 то 20 дБ (дитсебел) ро ташкил медиҳад. Ба иборати дигар, инсон бояд овози пастро аз масофаи 4-6 метр шунавад.   

Барои нигаҳдории нерӯи шунавоӣ дар ин меъёрӣ зикр гардида, мутахассисон тавсия медиҳанд: бемориҳои сирояти ва сармохӯрдагиро сари вақт табобат кунед, нерӯи дифоъии организмро тақвит диҳед, гӯш ва сарро аз ҷароҳат маҳфуз нигаҳ доред ва мусиқии баландро ба василаи гӯшак зиёд гӯш накунед. Инчунин дар зимистон бе кӯлоҳ ба берун набароед.

ФОТО

 

ВИДЕО