БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ИЛТИҲОБИ МУШАКӢ ДИЛ (МИОКАРДИТ)

Мутахассиси бахши кардиологии

Бемористони Ибни Сино,    

доктор Малика Юсупова.

 

Миокардит ё илтиҳоби мушаки дил, миёни бемориҳои дилу раг 5-10% ро дар бар мегирад. Ҷараёнҳои илтиҳобӣ дар бофтаҳои мушаки дил (миокорд), муддати тӯлонӣ метавонанд зери хастагии музмин худро пинҳон кунанд ва бемор аз вуҷуди онҳо хабардор намегардад.

Ва ҳар қадар бемор дертар ба табиб муроҷиат кунад, мушаки дил ҳамон қадар зиёд осеб мебинад. Дар натиҷа миокардит ба бемории музмин табдил меёбад ва кори дилро халалдор гардонида, инсонро ҳатто ба ҳолати марг мерасонад.

Илтиҳоби мушаки дилро вирусҳо, бактерияҳо, аллергенҳо ва як қатор омилҳои дигар метавонанд ба вуҷуд оранд. Нишонаҳои беморӣ низ аз ин омилҳо ва дараҷаи иллатдоршудани мушакӣ дил вобастагӣ доранд ва метавонанд гуногун бошанд. 

Барои мисол, миокардит метавонад бе дарди дил ва халалдоргаштани кори он ҷараён дошта бошад, аммо дар айни ин, бемор гирифтори дилбеҳузурӣ, хастагии доимӣ, сардард, баланд гардидани ҳарорати бадан ва заҳролудшавии умумии организм ва ғ. мегардад.     

Бо вуҷуди ин, мутахассисон як чанд аломати асосии бемориро қайд мекунанд, ки иборатанд аз: хастагӣ ва эҳсоси мондашавии зуд, арақкунии зиёд, нафастангӣ (ҳатто ҳангми кори начандон вазнини ҷисмонӣ), баланд гадидани ҳарорати бадан то 37-37,2, дараҷа, халдоргаштани назми (ритми) дил, тохикордӣ (тез коркардани дил), дардҳо дар қисмати дил, дард дар банду буғумҳо ва паст шудани фишори артериалӣ.

Асоситарин сабаби миокардит сироят ба шумор меравад. Илтиҳоби мушаки дил дар заминаи паст шудани нерӯи дифоъӣ (иммунитет) ва тағйири вокунишҳои эмании бадан рушд мекунад. Бо ин сабаб миокардит метавонад тарбодӣ (ревматикӣ), сироятӣ, аллергекӣ, ҷароҳатӣ ва ҳатто саммӣ бошад ва дар ҳолатҳое, ки сабаби асосии беморӣ муаян нагардад, миокардитро, чун идиопатӣ (иштибоҳӣ) ташхис мекунанд.       

Инчунин миокардит баъди гузаронидани зуком, тонзиллит (варами ғадуди бодомшакл), илтиҳоби шуш, гайморит (варами пардаи луобии бинӣ), отит (варами гӯш) ва бемориҳои дигар метавонад буруз кунад. Ҳамаи ин бемориҳо дар навбати худ, тавассути вирусҳо ва бактерияҳо, монанди вируси табхол (герпес), стафилококк ва стрептококк ба вуҷуд меоянд.       

Ҳангоми мушоҳидаи нишонаҳои миокардит, бояд фавран ба табиби дил муроҷиат кард. Дар бештари ҳолатҳо беморро бистарӣ мекунанд ва табобат дар шароити бемористон амалӣ мегардад. Табобати беморӣ асосан бо усули доруӣ ба роҳ монда мешавад.   

Дар табобат самараноки миокардит роҳҳои пешгирии беморӣ нақши вежа доранд. Барои пешгирии беморӣ, таъсири омилҳои зараррасонро ба организм, ки сабаби барангехтани ин беморӣ мегарданд бояд кам кард. Барои мисол, барои пешгирии миокардити аллергикӣ, бояд сари вақт сабаби аллергияро муайян намуда, онро сари вақт табобат кард. Миокадити саммӣ бошад, бисёр вақт бо сабаби истеъмоли зиёди нӯшокиҳои спиртӣ буруз мекунад, бинобар ин, барои пешгирии он, бояд аз истеъмоли ин нӯшокиҳо сарфи назар кард. Аз ҳама масъалаи доғ, пешгирии миокардитҳои сироятӣ ба шумор меравад. Роҳи аз ҳама самараноки пешгирии ин навъи миокардитҳо бошад, табобати саривақтии бемориҳои сироятӣ, бартараф кардани мабдаъи сирояти музмин дар бадан (кариес, гайморит, тонзиллит ва ғ.) ва тарзи ҳаёти солим мебошад.          

ФОТО

 

ВИДЕО