БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

ХУН - МОЕЪИ ҲАЁТ

Мудири озмоишгоҳи 

Бемористони Ибни Сино, 

доктор Хуросон Набиева. 

 

Хун моеъи бебаҳоест, ки фаъолияти ҳаётии бадани одамиро таъмин мекунад. Дар як шабонарӯз дили одами калонсол, наздики 10 000 литр хунро ба кулли бадан мунтақил мекунад.

Ҳар соат дар бадани одамӣ, зиёда аз 7 миллиард ҳуҷайраҳои хунӣ ба марг мубтало мегарданд ва ба ҷои онҳо ҳуҷайраҳои нав тавассути мағзи устухонӣ ва испурч тавлид мегарданд. Ҳаҷми миёнаи шабонарӯзии хуни навтавлидшуда дар бадани одамӣ тақрибан 25 граммро ташкил медиҳад. Дар зимн, ҳуҷайраҳои сафеди хун, ки дар муҳорибаи шадид бо сироятҳо ба ҳалокат мерасанд ба шакли зардоб аз бадан хориҷ мегарданд. Мағзи устухонӣ, ки вазнаш 2,5 киллоро ташкил медиҳад,  дар организми одамӣ корхонаи истеҳсоли аҷзои хун ба шумор меравад. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки дар тӯли 70 соли ҳаёти инсон, ин корхона тақрибан 1000 кг. лейкотсит ва 650 кг. эритротсит истеҳсол мекунад.                               

Ҳама медонанд, ки ҳар як қисмат ва узви бадани одамӣ тавассути системи хунрасон бо оксижен таъмин мегарданд. Аммо дар ин радиф қарияи чашм истисност. Қарияи чашм "ҷузъи" беназири организми одамӣ ба шумор меравад. Қарияи чашм, оксиженро бевосита аз ҳаво дарёфт мекунад. Ин оксижен дар ашки чашм ҳал мегардад ва қарияиро аз худ ғанӣ мегардонад.                                                               

55% хунро плазма ва 45% боқимондаро ҳуҷайраҳо ташкил медиҳанд. Ин ҳуҷайраҳо ба туфайли плазма дар системи хунӣ дар ҳаракатанд. Ба ин ҳуҷайраҳо эритротситҳо (ки гимеоглабин низ ба таркибашон дохил мешавад), тромботситҳо ва лейкотситҳо дохил мешаванд. Плазма бошад 90% аз об таркиб ёфтааст.   

Соли 1930 ба олимон муяссар гардид, навъҳои хунро ошкор кунанд. Барои ин кашфиёти илмӣ, олими шинохта Карл Лайнштайнер ҷоизаи Нобелро касб кард. Баъзе аз олимон муътақиданд, ки аз навъи хун мизоҷи инсон вобастагӣ дорад. Барои мисол агар касе дорои хуни навъи якум бошад, дар зиндагӣ шахси қатъи ва ҷасур мебошад, хуни навъи дуввум, маънои диққат додан ба ҳаёти маънавӣ ва ҷузъиётро дорад, дорандагони хуни навъи саввум, одамони ҳушманд ва ҷоҳталаб ба бор меоянд, одамони дорои хуни навъи чорум бошанд ором ва бо тамкин мебошанд. Аз ҳама бештар дар Ҷопон ба ин масъала диққати хосс медиҳанд ва аз рӯи навъи хуни номувофиқ одамонро ҳатто ба кор қабул намекунанд.  Ба навъи хун ҳатто хомӯшакҳо (шабпашша) эътибор медиҳанд. Ба ин ҳашароти хунмак, бештар хуни навъи якум маъқул аст ва одамони дорои ин навъ хунро бештар мегазанд.

ФОТО

 

ВИДЕО