БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО Ёрии таъҷилӣ: (+992) 90 255 03 03
Бемористони байналмилалии Ибни Сино

АНГАТ: ФОИДА ВА ЗАРАРИ ОН!

Ангат - растании буттаӣ буда, меваи боллазат ва фоидаовар дорад. Ангат аз қадимуллайём дар тибб мавриди истифода қарор гирифта аст. Масалан дар тибби тибетӣ ангатро меваи мӯъҷизавовар меноманд. Хусусиёти табобатии ангатро ҳатто дар Юнони Қадим ҳам медонистанд  аз он ба таври васеъ истифода мекарданд.

Дар тибб ангатро аз қадим барои табобати бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ, беҳтар кардани системи ҳозима ва ҳолати умумӣ истифода мебурданд. Ангат дар таркиби худ, миқдори зиёди витамини "С", антиоксидонт ва аносури дигари фоидаовар дорад. Дар таркиби меваи мазкур, натрий, магний, калий, калтсий ва фосфор мавҷуд аст. Ангат барои беҳтар гардидани лахташавии хун, ба меъёр даромадани тарашуи сафро (сафроҷудокунӣ) ва кори ғадуди сипаришакл мусоидат мекунад. Ангат инчунин дорои хосияти зиддиилтиҳобӣ буда, кори системи асабро беҳтар мегардонад. Ангат ба унвони доруи табии зиддиафсурдагӣ шинохта шудааст. Ғайр аз ин ангат коршоямии инсонро боло бурда, хастагиро аз байн мебарад. Табибон инчунин мегӯянд, ки ангат ҷараёни пириро низ коҳиш медиҳад.               

Шӯла аз меваҳои ангатро мешавад чун дорӯи зидди илтиҳобӣ, табобати захмҳо, сӯхтагиҳо ва тозакардани пӯст аз доғҳои пигментӣ истифода намуд. Агар ин шӯларо бо асал омехта кунанд, барои табобати сулфа бисёр муфид қарор мегирад. Равғани ангат низ дорои хусусиёти зиёди табобати дорад. Равғани ангат кори дастгоҳи гуворишро беҳтар гардонида, дар пустдармонӣ ва табобати бемориҳои амрози занона васеъ истифода мегардад. Ҷӯшонидаи ангат бошад мӯи сарро тақвият бахшида, онҳои зебо ва солим мегардад.

Барои ҳифзи хусусиёти табобатии ангат, дуруст нигаҳдории он нақши вежа дорад. Меваи ангатро мешавад ях кунонд ё дар тафдон хушк кард. Аммо онҳоро бояд, танҳо дар бастаҳои (қоғазхалтаҳои) махсуси полиэтиленӣ, дар дохили яхдон нигаҳ дошт. Инчунин меваи ангитро мешавад бо шакар омехта карда, дар шишаҳои хушк нигаҳодрӣ кард ё ношушта дохили шиша намуд ва аз болояш оби хунуки ҷӯшонида рехт. Шишаҳоро бошад, бояд дар ҷои хунук нигаҳдорӣ кард.           

Аз меваи ангат мешавад чой, афшура ва мурраббои бомазза тайёр кард ва аз баргҳояш бошад ҷӯшонидаи муфид омода намуд. Омехтани асал ба ангат низ фоидаи зиёд дорад ва маззаи ин меваро боллазаттар мегардонад.       

Аммо ангат метавонад зараровар низ бошад. Табибон онро ҳангоми бемории панкреатит, холетсистити шадид, гепатит (зардпарвин) ва бемориҳои ғадуди зери меъда тавсия намекунанд. Инчунин истеъмоли ангат, ҳангоми бемориҳои ҷигар, меъда, заҳрадон, дарунравиҳои зиёд ва ҳангоми бемории санги пешобдон зараровар мебошад.                                                                                                            

ФОТО

 

ВИДЕО